Нахуснамоиш филми ҳунарии «Подшоҳи бозгашт» бо нақшофарии ҳунарпешаи шинохта Глен Пауэлл аз ҷониби ширкати филмофарии Universal Pictures рузҳои наздик баргузор мегардад.
Қаҳрамони асосии филм Обри Кинг — сарояндаи мусиқии кантри аст. Пас аз ҷудоии бо маҳбубааш қаҳрамон тасмим мегирад, ки дубора ба донишкада баргардад ва зиндагии худро ба низом дарорад.
Коргардон ва муаллифи филмнома Ҷадд Апатоу мебошад. Ӯ ҳамчунин дар навиштани филмнома бо Глен Пауэлл ҳамкорӣ кардааст.



14