Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и Хуҷанд Маркази ташхисию табобатии «Садаф» ба истифода дода мешавад

    Дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и Хуҷанд Маркази ташхисию табобатии «Садаф» ба истифода дода мешавад

    2023-04-09
    382

    Дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисию табобатии «Садаф» бунёд мегардад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

    Ин иқдом аз ҷониби муассиси ҶДММ «Садаф» Наимҷон Тӯраев гирифта шуда, ояндаи наздик баъди ба истифода додани он дар ин Маркази ташхисию табобатӣ маҷмуи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантат, дармонгоҳи кӯдакона, шуъбаи асаб, шуъбаи бемориҳои дил ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Ба марказ мутахассисони баландпояи соҳа ҷалб карда мешаванд. Дар оянда 40 соҳибтахассус дар ин марказ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда мешавад.

    Бинои Марказ аз 4 ошёна ибора буда, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидаанд.

    6 апрел зимни боздид аз ин мавзеъ роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба соҳибкор Наимҷон Тӯраев ҷиҳати иқдоми нек ва дар ояндаи наздик фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису табобат барои сокинон изҳори миннатдорӣ намуда, ба соҳибкор баҳри беҳтар намудани шароиту имконияти  беҳтари хизматрасонӣ дар ин маркази тиббӣ тавсияҳои муфид доданд.

    Бояд гуфт, ки соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамият дода мешавад. Дар ин раванд баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ якчанд дастгириҳо пешбинӣ гардида, дар Паёми қаблии Пешвои миллат солҳои 2022‐2026 Солҳои рушди саноат эълон гардид.


    СУҒД, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ