Кинотеатрҳои онлайнии «Иви» ва Wink ҳамроҳ бо шабакаи телевизионии «Россия» нахустин трейлери силсилафилми таърихии «Голитсин»-ро ба намоиш гузоштанд. Нақши асосиро дар он Данила Козловский иҷро кардааст.
Ин силсилафилми иборат аз ҳашт қисм дар бораи ашрофзодаи асри XIX Лев Голитсин қисса мекунад.
Дар нақшҳои дуюмдараҷа Светлана Иванова, Анастасия Красовская ва дигар ҳунармандон нақш офаридаанд. Коргардони ҳамаи қисмҳо Сергей Чекалов буда, муаллифи филмнома Ясна Нагдалиева мебошад. Наворбардории силсилафилм дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Доғистон сурат гирифтааст.



4