Барандагони ҷоизаи Оскар Киллиан Мёрфи ва Ҷесси Бакли қарор аст дар лоиҳаи нави коргардон Стивен Спилберг нақшҳои асосиро иҷро кунанд. Сенарияи офаридаро Пол Томас Андерсон аз руи романи «Дил дар зимистон»и нависандаи ирландӣ Кэвин Баррӣ навиштааст.
Ба иттилои коргардони филм ҳангоми хондани сенария маҳз Киллиан ва Ҷессиро дар нақшҳои марказӣ медид. У ҳамчунин иброз дошт ки кайҳо боз мехост бо Пол Томас Андерсон ҳамкорӣ кунад ва достони Дил дар зимистон ба ҳардуи онҳо барои таҳияи филми нав хеле писанд омад.
Интизор меравад, ки наворбардории филм зимистони соли 2027 оғоз шавад. Лоиҳа аз ҷониби ширкати Focus Features бо иштироки Universal Pictures амалӣ мегардад. Намоиши филм бошад дар кинотеатрҳо соли 2028 дар назар дошта шудааст.



4