Дар шаҳри Сочии Русия наворбардории мавсими ҳафтуми силсилафилми «Спасская» оғоз ёфт. Дар идома тамошобинонро таҳқиқоти нави ҷиноятӣ, бархӯрдҳои хатарнок ва муносибатҳои печидаи қаҳрамони асосӣ интизоранд.
Муфаттиши шуъбаи кофтукови ҷиноии шаҳри Сочӣ Анна Спасская бори дигар ба гирдоби воқеаҳое меафтад, ки ҷони ӯро зери хатар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки филми мазкур аз 6 мавсим иборат буда, мавсими аввали он соли 2020 руйи пардаи синамо баромада буд.



14