Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Мутахассисони «Амонатбонк» ба донишҷӯён саводнокии молиявии рақамиро тавзеҳ доданд

    Мутахассисони «Амонатбонк» ба донишҷӯён саводнокии молиявии рақамиро тавзеҳ доданд

    2023-04-09
    352

     

    Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) бо иқдоми Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» барои донишҷўёни тахассуси «кори бонкӣ» дар мавзӯи «Саводнокии молиявии рақамӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ва мутахассисони «Амонатбонк» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур иттилоъ доданд.

    Ба донишҷӯёни тахассуси бонкдорӣ доир ба истифода ва дастрасӣ ба хизматрасонии молиявии рақамии ташкилоти молиявӣ маълумот дода шуда, таъкид гардид, ки хизматрасонии мазкур ва шабакаҳо барои таъмини эҳтиёҷоти муштариён таҳия гардидааст.

    Ҳамзамон доир ба намудҳои кортҳои бонкӣ, тарзи дурусти истифодаи онҳо, хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва бартарияти онҳо дар амалиёти пулӣ, хизматрасонии Интернет-банкинг, барномаи мобилии «Амонат-мобайл», хусусияти ҳамёни электронӣ ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

    Барои омода намудани кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаи бонкӣ дар якчанд муасcисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, аз қабили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд синфхонаҳои таълимии «Амонатбонк» бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият менамоянд.

    Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ- тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисони бонкӣ, инчунин мутахассисони баландпоя аз рўи ихтисосҳои «Кори бонкӣ», «Молия ва қарз», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо», «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва аз тарафи кормандони Бонк баргузор намудани машғулияти амалӣ барои донишҷӯён мебошад.

    ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/


    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ