Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Ҳайати Тоҷикистон дар 5-умин Анҷумани сайёҳии Сибир дар шаҳри Новосибирски Русия иштирок намуд

    Ҳайати Тоҷикистон дар 5-умин Анҷумани сайёҳии Сибир дар шаҳри Новосибирски Русия иштирок намуд

    2023-04-11
    120

    Иқтидорҳои сайёҳии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5-умин Анҷумани сайёҳии Сибир, ки аз 5 то 7 апрели соли 2023 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарон ва мутахассисони ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», ҶСК «Хоҷа Оби Гарм», ҶСК Осоишгоҳи «Зумрад» ва ҶДММ «Ҷавоҳир тур» намояндагӣ намуданд.

    5 апрел намояндагони Тоҷикистон дар мизи мудаввар оид ба мавзӯи «Сафарҳои байнидавлатии сайёҳӣ ва самтҳои афзалятноки сайёҳӣ» иштироки фаъолона намуда, мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳӣ вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокчиён рӯнамо манзур кард.

    Ҳамзамон, тибқи барнома, 6 апрел сессияи B2B бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии Русия  ташкил гардида, 4 нафар аз ҳайати Тоҷикистон барои иштирокчиён доир ба иқтидори сайёҳӣ ва имкониятҳои осоишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳозирин рӯнамо ва видеороликҳо манзур намуд. Баъд аз анҷоми сессияи B2B ҳайати Тоҷикистон бо меҳмонон ба намоишгоҳ ташриф бурда, аз ғурфаи Тоҷикистон дидан кард.


    ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ