Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аз оғози соли равон ба 12 899 киштии ҳавопаймо хизмати аэронавигатсионӣ расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 22 фоиз зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати баланд бардоштани самараи кори истеҳсолӣ «Тоҷикаэронавигатсия» бо намояндагони техникии ширкатҳои «Пеленг»-и Русия, «Замар»-и Швейтсария ва «Серагон»-и Исроил барои навсозӣ, таъмиру тармими таҷҳизоти соҳавӣ ҳамкории густурда ба роҳ монд. Ҳамзамон дар ин давра баҳри таъмини фаъолияти босамари корхона дар самти нишондиҳандаҳои дақиқ, ба истифода супоридани низоми Д-АТИС дар дастгоҳи марказии «Тоҷикаэронавигатсия» ва филиалҳои корхона дастгоҳҳо васлу насб гардид.
Дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯии Маркази авиатсионии метеорологии «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи низоми «TAF» бо ҷамъи филиалҳои корхона салоҳияти пешгӯиро 90,2 фоиз хабар дод, ки нишондиҳанда хуб ҳисобида мешавад.
Инчунин бо мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳои грантии марбут ба ворид намудани «Навигатсия дар асоси хусусият PBN» аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ- JICA гуфтушунид доир гардида, дар ин самт корҳо марҳила ба марҳила идома доранд.
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/