Дар пасманзари афзоиши хушунати силоҳи отшафишон дар ИМА ва изтироб аз тирандозии навбатии оммавӣ дар яке аз мактабҳои Амрико моҳи гузашта таҳқиқоти нав тамоюли нигаронкунандаеро ошкор карда, нишон дод, ки шумораи кӯдакони амрикоие, ки аз силоҳи оташфишон ҳалок шудаанд, ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Синхуа иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе бахши иттилоот ва рӯйдодҳои кунунии Global News – и шабакаи телевизионии канадагии Global Television Network хабар додааст.
Соли 2021 тақрибан 2590 ҳодисаи ҳалокшавии кӯдакон ва наврасони то 18-сола аз силоҳи оташфишон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019 то оғози пандемияи COVID-19 50% зиёд мебошад, гузориш медиҳад Global News бо истинод ба маълумоти Маркази тадқиқотии Pew Research Center, ки ҳафтаи гузашта нашр шуда буд.
Мувофиқи омори марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), сатҳи фавт аз силоҳи оташфишон дар байни кӯдакон ва наврасон дар ҳамон давраи дусола то 3,5 ҳолати фавт ба 100 ҳазор ноболиғ расидааст.
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/