Соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд бояд дар майдони 18 ҳазору 500 гектар картошка кишт карда шавад. Аз ин нишондиҳанда 1 ҳазору 206 гектарро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи маълумот, то 12 апрел дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 4 ҳазору 91 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки 22,1 фоизи дурнаморо дар бар гирифта, нисбат ба соли пешин 269 гектар зиёд аст.
Дурнамои кишти картошкаи барвақтиро шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Панҷакент 100 фоиз таъмин намудаанд.
Тазаккур дода шуд, ки барои иҷрои дурнамо картошкаи тухмӣ, аз ҷумла навъҳои «Аладдин», «Кардинал», «Пикассо», «Редскарлет», «Кондор», «Нуринисо», «Янка», «Ғалла» ва «Биг-Роза» захира карда шудааст.
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/