Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Рашт қадрдонӣ шуданд

    ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Рашт қадрдонӣ шуданд

    2023-04-13
    386

     11 апрел Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро ҷиҳати фаъолияти хуб нишон додан дар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроия қадрдонӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

    Дар ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки «маҳз амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон дод, ки ноҳияи Рашт маъракаи даъвати навбатии ҷавонон  ба хизмати ҳарбиро пурра анҷом диҳад.

    Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

    Бояд гуфт, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоту кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо падару модарон чор сол мешавад, ки ноҳияи Рашт дар рӯзи якуми даъват нақшаи даъвати ҳарбиро барзиёд иҷро менамояд. Ин амали шоён мояи ифтихори сокинони ноҳияи Рашт мебошад.


    РАШТ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ