Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Самарқанд вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия баргузор гардид

    Дар Самарқанд вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия баргузор гардид

    2023-04-15
    402

    14 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар Вохӯрии 6-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Байни роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ атрофи вазъу дурнамои ҳамкориҳои дар қолаби Осиёи Марказӣ — Русия, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Зимнан вазирон ба натиҷаи нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона баргузор гардида буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

    Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ — Русия аҳамияти хосса дода, қолаби мазкурро ҳамчун сарчашмаи имкониятҳои нав барои пешбурди фаъоли ҳамкории мутақобилан судманд арзёбӣ менамояд.

    Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нигоҳи кишварро вобаста ба абзорҳои татбиқи ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният ва иқтисоди пешгирикунанда, ки дар рафти иҷлоси Остона ироа шуда буданд, муаррифӣ намуд.


    ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ