Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Қатар муайян гардид

    Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023 дар Қатар муайян гардид

    2023-04-17
    321

    Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023, ки  7-14 майи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мегардад, муайян шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

    Тибқи низомнома, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.

    Ҳайати мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони зеринро барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон пешниҳод кардаанд:

    -66кг — Эмомалӣ Нуралӣ

    -66кг — Шаҳбоз Саидаброров

    -73кг — Беҳрӯз Хоҷазода

    -81кг — Шодмон Ризоев

    -81кг — Сомон Маҳмадбеков

    -90кг — Комроншоҳ Устопириён

    -90кг — Ҷаҳонгир Маҷидов

    -100кг — Абубакри Акобир

    +100кг — Темур Раҳимов

    Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ карда мешавад. Фонди ҷоизаҳои чемпионат 1 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15 000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим мегардад.

    Дар рақобатҳои даставӣ  барои ҷои якум 90 000 евро, барои ҷои дуюм 60 000 евро ва барои ҷои сеюм 25 000 евро пешбинӣ шудааст.

    Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд. Аз ҷумла, ғолибон 2000 хол, барандагони ҷои дуюм 1400, ҷои сеюм 1000 хол ва ҳамин тавр барои иштирок 20 хол мегиранд.

    ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.


    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ