Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

    Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

    2023-05-04
    249

    Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чорчӯби шарикии стратегӣ дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

    Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварашон хайрамақдам гуфтанд.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ аз пазироии самимии роҳбарият ва мардуми Қазоқистон ба Қосим-Жомарт Токаев изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки ин сафар ва натиҷаҳои он баҳри таъмиқу тавсеаи равобити дуҷонибаи барои мардумони ду давлат судманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

    “Мо ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Қазоқистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Азм дорем, ки минбаъд низ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ пайваста инкишоф диҳем.

    Мо имрӯз ҳуҷҷати таърихӣ — Эъломияи ҳамкории ҳампаймонӣ қабул мекунем, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи моро боз ҳам мустаҳкам мегардонад”,-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Ҷонибҳо аз рушду тавсеа ва сатҳу муҳтавои ҳамкории дуҷониба дар тамоми бахшҳо давоми 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ва муколамаи мунтазами сиёсӣ тайи ин давра изҳори қаноатмандӣ карданд.

    Таъкид гардид, ки дар ин муддат механизмҳои зарурии ҳамкории байнидавлатӣ ва заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки имрӯз бо бастаи нави ҳуҷҷатҳо мукаммал гардонида мешавад.

    Дар ин зимн нақши ҳамкории пурсамари байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рушду густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ таъкид гардид.

    Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, муносибатҳои байни минтақаҳои ду давлат, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар соҳаи маориф, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ гардид.

    Қазоқистон имрӯз дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор дорад.

    Соли гузашта гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон қариб ба якуним миллиард доллар расида, афзоиши он беш аз бист фоизро ташкил дод.

    Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, Шӯрои соҳибкорон ва Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар арафаи сафари давлатии Пешвои миллат доир гардиданд, аз ҳар ҷиҳат ба пешбурди босуръати робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

    Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон, содироти меваю сабзавот ва дигар маснуоти маҳаллӣ аз Тоҷикистон таъкид карданд.

    Густариши ҳамкории сармоягузорӣ бо истифодаи имконият дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ва кооператсия, махсусан дар бахши саноати нафту газ, маъдан ва металлургия ба манфиати ду ҷониб арзёбӣ гардид.

    Ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ ва электроника, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ аз самтҳои дигари судовар дар муносибатҳои ду давлат номида шуд ва ҷонибҳо оид ба рушду таҳкими онҳо табодули андеша карданд.

    Дар доираи ҳамкории судманд дар соҳаи фарҳанг моҳҳои наздик баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Остона пешниҳод гардид. Дар бахши маориф ба сад адад расондани бурсияҳо дар донишгоҳҳои ду давлат иқдоми муассир арзёбӣ гардид.

    Дар рафти музокирот таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ дар самти рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молиявӣ метавонад ба афзоиши ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти ҷонибҳо мусоидат кунад.

    Ҷонибҳо ҳамоҳангии зич ва ҳамкории самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва дигар сохторҳои дахлдори давлатҳоро дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.

    Зимни мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин оид ба ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Қазоқистон дар арсаи байналмилалию минтақавӣ ва робитаҳои ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ андешаронӣ карда шуд.

    Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қазоқистон барои дастгирии доимии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим изҳори сипос карданд.

    Изҳори итминон карда шуд, ки Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамоиши Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ мусоидати амиқ хоҳад намуд.

    Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев даъват ба амал оварданд, ки бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ