Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

    Сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

    2023-05-11
    241

    10 май Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

    Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.

    Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шуда, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

    Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ