1. Бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 то 19 майи соли 2023 ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат дар фазои самимӣ ва дӯстона мулоқот намуданд, ки зимни он табодули афкор роҷеъ ба доираи васеи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, инчунин табодули назар оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт.
2. Тарафҳо ба натиҷаҳои самараноки ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, ки дар тӯли 31 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ба даст омадаанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки изҳоротҳои муштарак, эъломияҳои муштарак ва созишномаҳои миёни ҷонибҳо баимзорасида заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои рушди муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварданд.
Ҷонибҳо минбаъд низ таъмиқи эътимоди сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва таҳкими дӯстии анъанавиро дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила ва ҳамҷавории нек, ҳамбастагӣ, дастгирӣ ва нафъи мутақобила, инчунин такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар идома хоҳанд дод. Бар асоси сатҳи баланди ҳамкориҳо миёни ду кишвар ва азми тарафайн барои таъмиқи минбаъдаи онҳо, тарафҳо барои татбиқи ташаббуси “Ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” саъй хоҳанд кард.
3.Тарафҳо қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи муҳимми рушди давлатӣ ва эҳёи миллӣ қарор доранд.
Тарафи Тоҷикистон бомуваффақият доир гардидани Анҷумани XX-уми умумичинии Ҳизби коммунистии Чин ва дубора интихоб шудани Раис Си Ҷинпин ба вазифаи Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик гуфта, ба дастовардҳои бузурги Чин дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар давоми 10 соли охир баҳои баланд дод.
Ҷониби Тоҷикистон дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ташаккули давлати муосири сотсиалистӣ ва дар ҷодаи эҳёи бузурги мардуми Чин баланд арзёбӣ намуда, итминони комил дорад, ки таҳти роҳбарии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, бо нақши меҳварии ҷаноби Си Ҷинпин нақшаҳои рушди ояндаи кишвар, ки ба татбиқи навсозии сотсиалистии Чин то соли 2035 ва табдил додани он ба давлати сарватманд, тавоно, демократӣ, тамаддунӣ, созгор ва муосиршудаи сотсиалистӣ дар нимаи асри XXI нигаронида шудаанд, саривақтӣ буда, пурра амалӣ хоҳанд гардид.
Ҷониби Чин дастовардҳои назаррас дар амалисозии ислоҳоти мунтазам ташаккулёбандаи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин комёбиҳои баръало дар рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, татбиқи бомуваффақияти сиёсати сулҳҷуёнаи «дарҳои боз»-ро, ки ба рушди муносибатҳои дӯстона дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҳамаи давлатҳо нигаронида шудааст, баланд медиҳад. Ҷумҳурии Мардумии Чин сиёсати хориҷии возеҳ ва прагматикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян дастгирӣ ва эҳтиром мекунад.
4. Тарафҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва шарикӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси “Ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият”, ки ба эҳтироми мутақобила, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, устувории сарҳадот ва дахлнопазирӣ ба умури дохилӣ асос ёфтааст, изҳор доштанд.
Тарафҳо минбаъд низ аз рӯи масъалаҳои бунёдӣ, аз қабили соҳибихтиёрии давлатӣ, амният ва тамомияти арзии ҳарду кишвар якдигарро мутақобилан дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҷониби Тоҷикистон сиёсати “Як Чин”-ро қатъиян дастгирӣ намуда, бори дигар таъкид мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ягона ҳукумати қонунӣ ва муаррификунандаи тамоми Чин буда, Тайван ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин мебошад. Ҷониби Тоҷикистон ба фаъолияти ҷудоихоҳона барои “истиқлолияти Тайван” дар ҳама зуҳуроташ қатъиян муқобил буда, аз густариши ҳамагуна шаклҳои равобити расмӣ бо Тайван даст кашиданро иброз медорад, аз тамоми талошҳои Ҳукумати Чин барои муттаҳидсозии кишвар қотеона пуштибонӣ мекунад.
Тарафҳо нисбати сиёсикунонӣ, воситакунонӣ ва меъёрҳои дугона дар масоили ҳуқуқи инсон, инчунин дахолати ҳар кишваре ба умури дохилии дигар кишварҳо бо баҳонаи риояи ҳуқуқҳои инсон қатъиян муқобил мебароянд.
5.Тарафҳо ба созиш омаданд, ки сарони ҳарду давлат дар пешбурди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин нақши муҳимми пешбарандаи стратегӣ мебозанд. Ҷонибҳо минбаъд низ суръати хуби табодул дар сатҳи олӣ ва тамосҳо дар тамоми сатҳҳо миёни ду кишварро нигоҳ дошта, саривақт оид ба масъалаҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Чин, масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карда, пайваста робитаҳои стратегӣ ва эътимоди ҳамдигарии сиёсиро таҳким хоҳанд бахшид.
6.Тарафҳо иттифоқи назар доранд, ки равобити мақомоти қонунгузор ҷузъи муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Чин буда, фаъол шудани робитаҳои байнипарлумонӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба таъмиқи шарикии стратегӣ такони нав хоҳад бахшид ва эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳоро таҳким хоҳад намуд.
Тарафҳо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани умумичинии намояндагони халқии Чин, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тавассути «Гурӯҳҳои дӯстӣ»-и мақомоти қонунгузор мебошанд.
7.Тарафҳо қайд карданд, ки омодаанд баҳамории ташаббуси бунёди муштараки «Як камарбанд, як роҳ» ва Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро фаъолона пешбарӣ намоянд.
Ҷониби Тоҷикистон бо таъкид бар он, ки соли 2023 соли солгарди ташаббуси ҷаҳонии Си Ҷинпин “Як камарбанд, як роҳ” аст, ҷониби Чинро ба муносибати 10-умин солгарди ин иқдом табрик мекунад.
Тарафҳо қайд карданд, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки аз ин ташаббуси ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуда, иштирокчии фаъоли он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим дар доираи ин иқдом манфиатдории худро баён кард.
Тарафҳо татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳои амалкунандаи дуҷониба ва тавофуқоти ҳосилшударо тибқи қонунгузории давлатҳои худ идома медиҳанд, барои амалисозии бехатар ва босуботи лоиҳаҳои муштарак минбаъд низ чораҳо андешида, ба ҳамкориҳо дар доираи «Як камарбанд, як роҳ» дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, молиявӣ, илмию техникӣ, сайёҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, обу энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, мушорикати экологӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, рақамикунонӣ, технологияҳои абрӣ, зеҳни сунъӣ, рушди манбаъҳои “сабз”-и энергия ва афзоиши самаранокии энергия барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин мусоидат хоҳанд кард.
8.Тарафҳо ба андешидани чораҳои минбаъда оид ба тавсеаи ҳаҷм ва диверсификатсияи номгӯйи молҳои савдои дуҷониба, татбиқи иқтидори васеи тиҷорати мутақобила, таъмиқи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Тиҷорати электронии Шоҳроҳи Абрешим» ва омӯхтани имкониятҳои нави тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва инноватсионии байни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Тарафҳо ният доранд, ки ба савдои молҳои дорои арзиши иловашуда, молҳои технологияи олӣ, инчунин рушди мутаносиби тиҷорати дуҷониба мусоидат намоянд.
Тарафи Тоҷикистон омода аст содироти маҳсулоти нассоҷӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, филизоти ранга ва дигар молҳоро ба Чин афзоиш диҳад. Тарафҳо ҷиҳати тезонидани раванди гирифтани сертификатсияи карантини санитарию фитосанитарӣ барои номгӯйи алоҳидаи маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Тарафҳо ният доранд, ки масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мошинсозӣ, таҷҳизоти роҳсозӣ, телекоммуникатсия, дорусозӣ, нафту газ, саноати сабук, ангишт, кимиё ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, нерӯи барқ, маъданҳо, инфрасохтори нақлиёт, обёрӣ ва мелиоратсия, инчунин инфрасохтори деҳот ва дигар лоиҳаҳои иҷтимоиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.
Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки чорабиниҳои ба нақша гирифташудаи байналмилалӣ дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, саноату энергетика, нақлиёту логистика, фарҳангию башардӯстонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намояд.
Тарафҳо аҳамияти татбиқи амалии Барномаи ҳамкориро, ки соли 2017 ба имзо расида буд, қайд карданд.
Тарафҳо омодагии худро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии воридотии Чин, Намоишгоҳи воридот ва содироти чинӣ ва ЭКСПО “Чин-Авруосиё” изҳор медоранд.
Тарафҳо ба нақши ҳамоҳангсози Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зеркомиссия бо Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғур оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар таҳкими ҳамкориҳои амалӣ баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти онҳоро ҷоннок месозанд.
9.Тарафҳо аҳамияти таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳои саноатӣ ва баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории сармоягузории Тоҷикистону Чинро дар фурсати ба ҳарду ҷониб муносиб таъкид намуданд.
Ҷониби Чин масъалаи ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба ҷониби Тоҷикистонро барои иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ ва зербиноӣ баррасӣ хоҳад кард.
Ҷониби Чин ба ташкили истеҳсолоти муштараки маҳсулоти дорои арзиши иловашуда дар заминаи коркарди маъдан ва ашёи хоми маҳаллӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон манфиатдор аст.
10.Тарафҳо таҳкими ҳамкориҳоро дар самти таҷдиди бахши кишоварзии Тоҷикистон идома дода, дар якҷоягӣ ба омӯзиш ва коркарди соҳаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ саъю кӯшиш хоҳанд кард.
Тарафҳо зарурати фаъол гардонидани кори Комиссияи кишоварзиро қайд намуда, изҳори итминон намуданд, ки Барномаи байни мақомоти соҳавӣ дар ин самт як харитаи роҳ барои рушди минбаъда мегардад.
Тарафҳо бо таъкид ба таҷрибаи ғании таърихии Чин дар коҳиши камбизоатӣ, ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи таҷрибаи мусбати Чин дар ин самт, ки ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат мекунад, пайваста тадбирҳои муштарак амалӣ намоянд.
11.Тарафҳо аҳамияти таҳкими робитаи мутақобилаи инфрасохтори нақлиётии байниминтақавиро таъкид карданд ва барои пешбурди лоиҳаҳои бунёди долонҳои нақлиётӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳану автомобилӣ саъю кӯшиши худро идома медиҳанд. Тарафи Чин пешниҳоди тарафи Тоҷикистонро оид ба лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди “Чин-Тоҷикистон-Узбекистон” ва рушди долони мултимодалии “Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия” бо истифода аз имкониятҳои маркази логистикӣ дар шаҳри Кӯлоб ба инобат гирифт.
Тарафҳо аҳамияти ташкили долони нақлиётии иқтисодии “Чин – Тоҷикистон – шимоли Афғонистон”-ро қайд карданд.
Тарафҳо аҳамияти тамоми сол фаъол будани гузаргоҳи “Кулма-Қаросу” ва ҳамчунин интиқоли бемамониати борҳо тавассути ин гузаргоҳи марзӣ миёни ду кишварро таъкид намуданд.
Тарафҳо масъалаи лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи “Кулма-Қаросу”, инчунин муосиргардонии ин гузаргоҳи сарҳадӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ”-ро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия омода буда, кушодани хатсайрҳои нави парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни пойтахтҳо ва шаҳрҳои ҳарду кишварро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ “долонҳои сабз”-ро барои таҳвили босуръати маҳсулоти кишоварзӣ аз гузаргоҳҳо, баланд бардоштани самаранокии барасмиятдарории гумрукии молу колоҳои ду кишвар, таҳкими ҳамкорӣ оид ба иҷозати карантинӣ барои содироти маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ ва хурокворӣ ба кишварҳои якдигар мукаммал созанд.
Тарафҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ баҳри минбаъд беҳтар намудани назорати сарҳадӣ дар гузаргоҳҳо, тартиби убури сарҳад барои ронандагон ва сарнишинҳои ҳавопаймоҳо ба мувофиқа расиданд.
Тарафҳо ҷиҳати таъсиси шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва мултимодалӣ ба мувофиқа расиданд.
12.Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Чинро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо эпидемия баланд арзёбӣ намуда, бар он назар аст, ки ин иқдомот шароити беҳтарро барои табодули бехатар, солим ва муназзами кормандони чинӣ ва хориҷӣ, дар ин замина самаранокии бештар дар рушди ҷаҳонии иқтисодӣ фароҳам овард. Ҳарду ҷониб сиёсикунонии эпидемия ва ҷустуҷӯи манбаъҳои вирусро шадидан маҳкум мекунанд.
Тарафҳо ҳамкориҳои муассир ва таҷрибаи андӯхтаи ду кишварро дар мубориза бар зидди ҳамагирии коронавируси нави КОВИД-19 мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати идомаи ҳамоҳангии чорабиниҳои зиддиэпидемиологӣ оид ба мубориза бо дигар бемориҳои сироятӣ изҳори умедворӣ намуданд.
13.Ҷониби Чин аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои навбатии ҷаҳонии об истиқбол намуда, бомуваффақият баргузор шудани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қайд намуд.
Ҷониби Чин натиҷаҳои Конфронси обии СММ-ро, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландҳо баргузор гардид, баланд арзёбӣ намуда, инчунин қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ-ро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, зикр кард.
Ҷониби Тоҷикистон Ташаббуси ҷаҳонии рушдро, ки аз ҷониби Раиси Чин Си Ҷинпин пешниҳод шудааст, баланд арзёбӣ намуда, бовар дорад, ки он дар таъмини расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ саҳми мусбат хоҳад гузошт. Бо ин мақсад, тарафҳо омодагии худро барои анҷоми иқдомҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи ин ташаббус изҳор доштанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз ташаббуси тамаддуни ҷаҳонӣ, ки ҷониби Чин пешбарӣ кардааст, дастгирӣ намуда, омода аст, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Чин дар пешбурди бомуваффақияти он, аз ҷумла мубодила ва омӯзиши мутақобила байни тамаддунҳои ҷаҳонӣ саҳм гузорад.
Тарафи чинӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таҳия ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030, ки барои ҳамкории муассир ва таъмини пешрафти стратегии СҲШ дар соҳаи иқтисодӣ ҷиҳати афзоиши сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон шароити мусоидро муҳайё месозад, қайд менамояд.
14.Тарафҳо аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти муқовимат ба “се қувваи шар” – терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, инчунин қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсҳои он, савдои аслиҳа, муҳимот ва маводи тарканда, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ таъкид намуданд. Ҳамкориҳо дар бахшҳои таъмини амнияти байналмилалии иттилоотӣ, таҳкими амнияти марзҳо ва мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ идома хоҳанд ёфт.
Тарафи чинӣ талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешбурди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” ва якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид баргузор шудани Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” (18-19 октябри соли 2022, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро қайд намуд.
Тарафи чинӣ таъсиси сохтори нави ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанберо дастгирӣ кард.
Тарафҳо бо мақсади муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратӣ ва хадамоти амниятии ду кишвар, афзун намудани иқтидори иқдомоти муштарак ҷиҳати ҳифзи субот дар минтақаро идома медиҳанд.
Тарафҳо сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникии мақомоти мудофиаи ду кишварро мусбат арзёбӣ намуда, робита дар ҳама сатҳҳоро тақвият бахшида, ҳамкориҳои зичи ҳарбӣ ва низомию техникиро идома хоҳанд дод.
Тарафҳо робитаҳоро дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин бехатарии истеҳсолӣ ва амалиёти наҷотдиҳӣ тақвият хоҳанд дод.
Тарафҳо ҳамкориро дар соҳаи судиву ҳуқуқӣ амиқтар ва табодули сафарҳои намояндагони прокуратураро васеътар намуда, дар самти омодасозии кадрҳои дахлдор ҳамкорӣ хоҳанд кард.
15.Тарафҳо тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, бостоншиносӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ давом дода, ҳамзамон ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои илмӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ғайраро идома хоҳанд бахшид.
Тарафҳо омодагии худро барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангӣ дар пойтахтҳои якдигар ва дигар шаҳрҳои ду кишвар изҳор дошта, имконияти дар асоси тартиби бамисл ва баробар таъсис додани маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Чин ва маркази фарҳангии Чин дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.
16.Тарафҳо аҳамияти инкишоф додани ҳамкориҳои илмию техникиро барои ба роҳ мондани тадқиқоти якҷояи бунёдиву амалӣ дар соҳаҳои афзалиятноки илм ва фаъолияти илмӣ қайд намуданд. Омодагӣ барои татбиқи ҳамкориҳои технологӣ ва инноватсионӣ изҳор гардид.
Тарафҳо зарурати фаъолсозии ҳамкориро дар заминаи таъсиси платформаи муштараки “Роҳи абрешими рақамӣ” тасдиқ намуда, барои пешбарии ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, бунёди корхонаҳо ва паркҳои саноатии ду кишвар, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва тиҷорат, зеҳни сунъӣ, махзанҳои бузург, ҳукумати электронӣ, блокчейн омодагӣ изҳор намуданд.
Тарафҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи чинӣ роҷеъ ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва ҳалли масъалаҳои рушди дастрасӣ ба интернети баландсуръат ва алоқаи мобилӣ ба мувофиқа расиданд.
Тарафи чинӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, инчунин бар асоси вазъи эпидемиологӣ сари вақт барқарор кардани табодули сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи сайёҳӣ изҳор намуд.
Тарафи Чин баргузории чорабиниҳои ҷониби Тоҷикистонро дар самти рушди сайёҳӣ дар Чин дастгирӣ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон аз таъсиси хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо фаъолона ҷонибдорӣ намуда, ба омода кардани кадрҳо дар ин самт манфиатдор мебошад.
Тарафҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ тавсеа ва таҳким бахшида, механизми табодули илмию амалии таҷрибаи муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла дар соҳаи телетабобат ва тибби анъанавиро тақвият мебахшанд.
Тарафҳо зарурати омӯзиши масъалаи рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар соҳаҳои муҳити зист, ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» ва энергияи каммасраф ва ғайра қайд намуданд.
Тарафҳо аҳамияти таҳким ва густариши ҳамкориҳои минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла бародаршаҳриҳои навро, ки ба ғанисозии муҳтавои муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунанд, таъкид карданд.
Тарафҳо ба фаъолияти донишкадаҳои Конфутсий дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баҳои баланд дода, нақши бузурги онҳоро дар омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ қайд карданд. Тарафи чинӣ пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди боз кардани Маркази нави Конфутсий дар вилояти Хатлони Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Тарафҳо фаъолияти “Коргоҳи Лу Бан”-ро дар Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зикр карданд.
Тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш изҳор доштанд.
17.Тарафҳо таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои байналмилалиро нишонаи муҳимми сатҳи баланди шарикии стратегӣ ва эътимоди мутақобилаи ду кишвар маънидод менамоянд.
Ҷониби Тоҷикистон аз “Ташаббуси амнияти глобалӣ”-и пешбаринамудаи Чин пуштибонӣ намуда, омода аст, ки бо тарафи чинӣ дар чаҳорчӯби ин ташаббус табодул ва ҳамкорӣ ба роҳ монда, муштаракан сулҳу амниятро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин намояд.
Тарафи чинӣ ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси “Камарбанди амниятӣ” атрофи Афғонистонро қайд менамояд.
Тарафҳо низоми муносибатҳои байналмилалӣ, ки меҳвари он Созмони Милали Муттаҳид мебошад, қатъиян ҳифз намуда, тартиботи ҷаҳонии бар ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфтаро ҳимоя карда, аз меъёрҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ бар мабнои ҳадафу принсипҳои Оинномаи СММ пуштибонӣ хоҳанд намуд.
Тарафҳо ҳамкории зичро дар чаҳорчӯби СММ ва ниҳодҳои он, СУС, СҲШ, МҲТБО, қолаби Осиёи Марказӣ-Чин ва дигар сохтору форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд.
Тарафҳо талош хоҳанд кард, то Созмони ҳамкории Шанхай минбаъд низ ҳамчун сохтори муътабару бонуфузи бисёрҷониба ба хотири таъмини сулҳу амният ва субот, муқовимати муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав, таҳкими робитаи мутақобила, тақвияти муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии кишварҳои узви он инкишоф кунад.
Тарафҳо якдилона бар он назаранд, ки ҳифзи сулҳу субот ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ, нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳангию таърихии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳам барои давлатҳои минтақа ва ҳам барои тамоми ҷаҳон муҳим аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд анъанаҳои таърихию фарҳангӣ ва хусусиятҳои минтақаи Осиёи Марказиро ҳамаҷониба эҳтиром намояд ва дар пешбурд ва рушду шукуфоии фаъоли минтақа саҳми муштарак гузорад.
Тарафи чинӣ кӯшишҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ба манзури ташаккули фазои сулҳ, некуаҳволӣ ва субот дар минтақа баланд арзёбӣ менамояд. Дар ин робита, тарафи чинӣ аз баргузории Нишасти панҷуми ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол менамояд.
Тарафҳо аз таъсиси механизми баргузории Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷонибдорӣ намуда, таъкид карданд, ки қолаби нави ҳамкории бисёрҷониба ба тақвият бахшидани ҳамкории Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу амният ва рушди устувори минтақа дар руҳияи эҳтироми ҳамдигар, ҳамҷавории нек, кумак ва манфиати мутақобила мусоидат мекунад.
Тарафи Тоҷикистон баргузории муваффақонаи Нишасти якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Сиан ва талошҳои тарафи Чин дар ташкили чорабинии мазкурро баланд арзёбӣ намуд. Аҳамияти тавофуқоти аз натиҷаи ин нишаст бадастомада таъкид гардид.
18.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва мардуми дӯсти Чин барои истиқболи гарму самимии ҳайати Тоҷикистон изҳори сипос намуда, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Тоҷикистон дар замони барои ҳарду тараф муносиб даъват кард.
Президенти |
Раиси |
ш. Сиан, 18 майи соли 2023