Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии «Сомон-2016» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии «Сомон-2016» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

    2023-05-25
    256

    Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

    Хоҷагии мазкур 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.

    Хоҷагӣ соли 2016 ташкил гардида, дар он 8 саҳмдор ба корҳои кишоварзӣ машғул мебошад.

    Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар масоҳати 1,50 гектар замини хоҷагӣ токзор бунёд карда, ба хотири истифодаи самараноки ҳар порча замин байни қаторҳои ток тарбузи навъи “Холлер” шинонида шудааст.  Феълан ин навъи тарбуз нашъунамои хуб дошта, хоҷагидорон аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ ба даст оварданианд.

    Ҳамчунин дар як гӯшаи замин деҳқонон қаламфури булғорӣ шинонидаанд, ки то 2 тонна маҳсулот ба бор оварда, дар айни замон ҷамъоварии он оғоз ёфтааст. Дар 5 садяк замини хоҷагӣ помидори навъи “Пемболле”, ки ба иқлим ва обу хоки ин минтақа мувофиқ мебошад, шинонида шудааст. Тибқи интизорӣ ва баҳогузории пешакӣ, аз ин қитъа то 15 тонна помидори аълосифат бояд ҷамъоварӣ карда шавад.

    2 садяк замини дигарро аҳли заҳмат барои парвариши бодиринг истифода бурдаанд, ки аз ин қитъа низ тибқи тахминҳо, то 10 тонна бодиринг ба даст оварда мешавад.

    Бояд гуфт, ки зироати гуногун дар ин хоҷагӣ асосан бо усули зери плёнка парвариш карда шудаанд. Ҳамасола аҳли заҳмати хоҷагӣ бо ба роҳ мондани ҳамин усул нақши худро дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аълосифату барвақтии кишоварзӣ мегузоранд.

    Ба хотири рӯёнидани ҳосил дар тамоми фасли сол ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулот хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 1,50 гектар гармхонаи доимамалкунандаи муосир бунёд намоянд.

    Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки аз ин нақша дар масоҳати 60 садяк замин имсол гармхона бунёд гардида, алҳол дар он помидору бодиринг нашъунамои хуб дорад. Хоҷагидорон то кунун 50 тонна маҳсулоти аълосифат ҷамъоварӣ кардаанд ва ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

    Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои густариш додани фаъолияти гармхона ва ба даст овардани ҳосили хуб ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд ва зиёд намудани майдони гармхонаҳоро омили муҳими таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо дар тамоми фасли сол маънидод карданд. Дар ин баробар хоҷагидоронро муваззаф намуданд, ки ҳар порча замини дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, таҷрибаи рӯёнидани чанд ҳосил аз як заминро хубу оқилона мавриди истифода қарор диҳанд.

    Дар назди хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти хоҷагидорони шаҳри Турсунзода боздид намуда, бо нишондиҳандаҳои соҳавӣ  аз наздик шинос гардиданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ