18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои кори конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои Раванди Душанбе, ки самараи иқдоми муштараки Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид аст, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ хизмат хоҳад кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба афзоиши таҳдидҳо ба амнияти минтақа, аз ҷумла густариши терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.president.tj/node/29332