Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд

    2022-10-18
    220

    18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд.

    Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки раванди устувор касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

    Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ муҳокима намуданд.

    Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳамкории босамари кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг табодули андеша карда шуд.

    Зимни баррасии масоили таъмини амният дар минтақаву ҷаҳон ва вазъи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таҳкими мубориза бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор карданд.

    Зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

    Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.president.tj/node/29331

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ