Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз мегардад. Дар ин давр 316 нафар ғолибон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат иштирок мекунанд, ки аз ин теъдод 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) мебошанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
Имрӯз ҳайати ҳакамон ба маҳорати эҷодии иштирокчиёни номинаи навозандагӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва иштирокчиёни номинаҳои сарояндагӣ ва композиторӣ дар Театри давлатии опера ва балети баҳо мегузоранд.
Мавсуф зикр намуд, ки озмуни мазкур аз рӯи се номина- композиторӣ, навозандагӣ ва сарояндагӣ ва ду рӯйи синн: аз 12 то 17 ва аз 18 то 40-сола то 25 октябр идома меёбад. Маросими супоридани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони даври ниҳоии озмун ва барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври ниҳоӣ 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.
Мирзоолим Саидов гуфт, ки «соли равон ба низомномаи озмун танҳо як тағйирот ворид шудааст, ки ин ба раддабандии синну солӣ рабт дорад. Яъне дар номинаи композиторӣ нафарони аз 18 то 40 – сола иштирок карда метавонанд. Зеро композиторӣ яке аз жанрҳои душвор ба шумор меравад ва онро танҳо дорандагони маълумоти ин соҳа иҷро карда метавонанд».
Тавре номбурда изҳор дошт, имсол барои баргузории озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо мегардад. Соли гузашта низ чунин маблағ ҷудо гардида буд. Соли 2020 ин маблағ 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомониро ташкил медод.
Бояд гуфт, ки ду соли аввали баргузории озмун танҳо як Шоҳҷоиза муқаррар гардида буд. Бо тағйиру иловаҳои соли гузашта воридшуда ва имсола се Шоҳҷоиза барои се номина муқаррар гардидааст, ки арзиши он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ғолибони озмун бо Ҷоизаи ифтихорӣ, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти пулӣ дода мешавад.
Ҳамчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойи якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
Манбаъ АМИТ "Ховар": https://khovar.tj/2022/10/to-ikiston-vatani-azizi-man-imr-z-davri-ni-oii-ozmuni-um-uriyav-o-oz-meyobad/