Синамои тоҷик руз то руз бо таҳияи филмҳои наву пурмуҳтаво дар муаррифии фарҳанги миллӣ нақши муассир мегузорад. Соли ҷори барои таҳиягарони тоҷик ниҳоят соли сермаҳсул ва бобарор аст зеро филмҳои ватанӣ дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалии синамои иштирок намуда соҳиби ҷоиза гардиданд.
Ин навбат филми “Дов”-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар ҷоизаи ҷашнвораи синамоии Шарқ ва Ғарб ба ватан овард. Ҷоизаро барои беҳтарин нақши мардона Абдулмуъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукуров ба даст оварданд Филми “Дов” ҳамчунин дар ин ҷашнвора мукофотро ҳамчун беҳтарин филм соҳиб гардид.
Филми Дов бозгуи ҳаёти пуршебу фарози ду рафиқ мебошад ки ҳодисаҳои зиёду вазнинро аз сар мегузаронанд. Дов аз руи филмномаи Муҳиддини Музаффар ва ва бахтиёр Каримов руи навор омада дар он Фируза Раҳмонова Салоҳиддин Шукуров , Абдулмуъмин Шарифӣ, Аҳмади Қутбиддин, Исфандиёр Ғуломзода ва дигарон нақш офаридаанд.
Қаблан филми Дов дар дигар фестивалҳои синамои байналмилаллӣ аз қабили ҷашнворраи Тоҷи Сомон, ҷашнвораи байналмиллии филми Калкутта ва дигар ҷашнвораҳо соҳиби ҷоиза гардтидааст.
Муваффақияти филми Дов ва дигар филмҳои истеҳсоли ватанӣ бозгуи он аст ки таваҷҷӯҳ ба синамои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳарчи бештар гардида таҳиягарони тоҷик низ кушиш менамоянд рисолати касбии худро иҷро намуда дар густариши фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошанд.