Дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 13 фоизи сокинони вилоят ба барқи 12-соата дар як шабонарӯз дастрасӣ доштанд. Имрӯз сатҳи таъминоти аҳолии вилоят бо неруи барқ ба 98 фоиз расидааст, ки дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 7,5 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 августи соли равон дар шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд.
«Ду фоизи аҳолие, ки ҳоло бо барқ таъмин нест, аз ҳисоби сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят 24 лоиҳа ба маблағи умумии 1,6 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, айни замон корҳо дар доираи 7 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ идома доранд»,- иброз доштанд Сарвари давлат.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида истеҳсоли неруи барқ дар вилоят соли 2022 нисбат ба соли 1993-юм 2,6 баробар зиёд гардидааст.
Президенти мамлакат дар ин суханронӣ ёдовар шуданд, ки «ман ҳанӯз соли 1994 – замоне, ки вазъият дар ҷумҳурӣ бисёр вазнину ҳассос буд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуда, дар ифтитоҳи навбати аввали неругоҳи барқи обии «Помир – 1» бо тавоноии 7 мегаватт шахсан иштирок карда будам».
«Тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳудуди вилоят беш аз 31 ҳазор киловатт иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 200 киловатт бунёд гардида, 14 ҳазор киловатт иқтидорҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуданд»,-тазаккур доданд Роҳбари давлат.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ва афзоиш додани иқтидори содиротии он ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки «мо дар ҷараёни сафар бо вазъи корҳои сохтмони ин иншооти муҳим аз наздик шинос шудем ва доир ба сифати корҳо ва суръат бахшидани онҳо дастурҳои зарурӣ додем. Махсус таъкид месозам, ки иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсоли неруи барқ дар ҳудуди вилоят 100 фоиз аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне «энергияи сабз» мебошанд ва ин масъала дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим бисёр муҳим арзёбӣ мегардад».
Роҳбари давлат вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Помир энерҷи» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш доданд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ, инчунин, офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшида, барои 100 фоиз бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии вилоят чораҷӯӣ намоянд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, роҳбарияти вилоят ва Ширкати «Помир энерҷӣ» вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» чораҳои зарурӣ андешанд.