9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории симпозиум- баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар он олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намоянд.
Дар кори симпозиум иштирокчиён дар мавзуъҳои «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ», «Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм», «Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир», «Равишҳои муосир дар шинохти осори Абурайҳони Берунӣ», «Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон», «Таҳқиқу нашри осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» ва «Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосири ҷаҳонӣ» маъруза менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.