Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҷашнии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) 26 марти соли 1993 ҳамчун давлати ташаббускор дар радифи дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин бунёд мебошад.
Ҳавзаи баҳри Арал
Ҳавзаи баҳри Арал тақрибан 700 000 километри мураббаъро фаро гирифта, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, қисми зиёди ҷануби Қазоқистон ва шимоли Афғонистонро дар бар мегирад, ки масоҳати дорои кӯҳҳои баланд, даштҳои хушк, нимбиёбон ва биёбонҳо мебошад. Ба ҳавзаи баҳри Арал ду дарёи бузург ва асосии Осиёи Марказӣ — Амударё ва Сирдарё дохил мешаванд. Амударё, ки 2540 км дарозӣ дорад, аз ҷануб ва Сирдарё бо тӯли 2200 километр аз шимол ба баҳри Арал мерезанд.
Буҳрони Арал — фоҷиаи асри XX
Ҳадафи таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал аст, ки батадриҷ пастшавии сатҳи оби онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзёбӣ намуда буд.
Ташаббусҳои татбиқшаванда дар доираи фонди Арал — инъикоси таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ
Таъсисдиҳандагони Фонди байналмилалии наҷоти Арал давлатҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон буда, Кумитаи иҷроияи фонд дар асоси ивазшавӣ фаъолият намуда, роҳбарӣ дар фонд аз як давлат ба дигар мамлакат мегузарад. Дар солҳои 2010-2013 раисӣ дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба зиммаи Қазоқистон буд ва моҳи майи соли 2013 дар ҷараёни конфронси илмию амалӣ бахшида ба 20-солагии фонд ба Узбекистон супорида шуд. Кӯшишу иқдом ва ташаббусҳои пайвастаи роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ва фарогири манфиатҳои ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал татбиқ мешавад, таҷассуми сиёсати хайрхоҳона ва ҳусни ҳамҷаворӣ мебошанд.
Фаъолияти ин ниҳод махсусан солҳои 2002-2008- ҳангоми раисии Тоҷикистон пурсамар арзёбӣ мегардад. Дар ин марҳила Фонди байналмилалии наҷоти Арал фаъолияти худро ҳамчун сохтори ҳамоҳангсози байнидавлатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома дода, барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва татбиқи нақшаҳои тарҳрезишуда, инчунин таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказию созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ кӯшишу иқдоми зиёд ба харҷ дод.
Эъломияи Душанбе – санади муҳим барои ҳалли буҳрони Арал
Дар давраи раисии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал санадҳои зиёди дорои аҳамияти муҳим ба имзо расонида шуданд. Эъломияи Душанбе, ки аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 6 октябри соли 2002 ба имзо расид, аз ҳамин қабил аст. Эъломия дорои бандҳои муҳим- солимгардонии минбаъдаи иҷтимоию экологӣ ҷиҳати беҳдошти аҳолии минтақаи соҳили баҳри Арал, баланд бардоштани нақши Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва ҷалби донорҳо барои татбиқи лоиҳаю барномаҳо, фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва татбиқи амалии барномаҳои ба нақша гирифта, таъсиси Комиссияи махсуси СММ ва ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои донор барои ҳалли масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошад.
Таъсиси Маркази минтақавии гидрологӣ
Дар ин марҳила бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва қарори Раёсати он аз 28 августи соли 2003 Маркази минтақавии гидрологӣ ташкил шуд, ки фаъолияти он ба беҳтар намудани сохти мониторинги захираҳои обии панҷ давлати Осиёи Марказӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
ФБНА аъзои Шурои ҷаҳонии об мебошад
Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар доираи ҳамкории бисёрҷонибаи худ соли 2004 бо Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ ва Комиссияи СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, Институти байналмилалии идораи захираҳои об, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё созишномаҳо ба имзо расонида, соли 2008 аъзои Шурои ҷаҳонии об гардид.
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об
Дар самти паст намудани буҳрони Арал давлати мо дар зарфи 30 соли фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал корҳои назаррас ба анҷом расонидааст. Дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар ин самт, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт (2005-2015)» мебошанд, ки аз ҷониби Ассамблеяи кулли СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии комил ёфтанд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи амалии ин ташаббусҳои муҳим дар марҳилаҳои гуногун чорабиниҳои байналмилалӣ- Конфронси байналмилалӣ оид ба оби тоза – соли 2003, Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ оид ба дарёҳои фаромарзӣ соли 2005, Конфронси байналмилалӣ оид ба бартараф намудани фоҷеаҳои марбут ба об соли 2008, Конфронси байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи «Об барои ҳаёт 2005-2015» соли 2010 дар Душанбе баргузор гардиданд. Инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал қабул шудаанд, заминаҳои рушди минбаъдаи раванди мусбати ҳалли мушкилоти обии минтақавӣ, минтақаҳои хурд ва глобалӣ ҳамчун омили муътадилсозии равандҳои таназзулӣ дар ҳавзаи баҳри Арал арзёбӣ мегарданд.
Кумитаи Иҷроияи ФБНА мақоми доимии фонд аст
Кумитаи Иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал мақоми доимии фонд буда, бо қарори Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъсис дода мешавад ва дар асоси ҷойивазкунӣ дар давлате, ки роҳбарии фондро ба уҳда дорад, ҷойгир аст. Аз ҳар давлати муассис ду нафар ба Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал таъйин карда мешаванд. Роҳбарии Кумитаи иҷроияро Раис амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Президенти Фонд дар мувофиқа бо роҳбарони давлатҳои муассиси фонд таъйин мешавад. Низомнома дар бораи Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо қарори Президенти фонд тасдиқ мешавад.
Вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ФБНА
Вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз таъмини иҷрои амалии қарорҳои Шурои сарони давлатҳои муассис, Президент ва Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал оид ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳое, ки ба ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг намудани филиалҳои Кумитаи иҷроия, идораҳои махсус ва фондҳои кумакрасон ба беҳтар намудани вазъияти иҷтимоию экологии ҳавзаи баҳри Арал, ки дар ҳудуди давлатҳои муассиси фонд воқеъ аст, иборат мебошад. Инчунин мусоидат ба кори Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ оид ба об ва Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор, тавсеаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои донор, фондҳои экологӣ ва дигар фондҳо барои пурзӯр намудани фаъолият оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва барқарорсозии минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид аз вазифаҳои дигари Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал маҳсуб мешавад.
Шурои сарони давлатҳои муассиси ФБНА
Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал оид ба мушкилоти ҳавзаи Арал мақоми олии Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад. Шурои сарони давлатҳо сиёсатҳоро барои мутобиқ намудани иқтидори истеҳсолии минтақа бо дарназардошти захираҳои табиии он таҳия ва тавсия намуда, инчунин барои тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ, ки барои ҳамаи давлатҳои минтақа умумияти принсипҳои идорӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, муносибатҳои байнидавлатиро дар соҳаи хоҷагии об ва фаъолияти экологӣ танзим менамояд, барои тасдиқ пешниҳод месозанд.
Дар Шурои сарони давлатҳои муассис муҳимтарин масъалаҳои марбут ба наҷоти Арал баррасӣ мешаванд.
Ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои муассис (саммитҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал) дар давраи раёсати ҳар давлати муассиси фонд як маротиба баргузор шуда, дар доираи онҳо аз рӯи масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи минтақавӣ дар соҳаи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳавзаи баҳри Арал қарорҳо қабул мегарданд. Саммитҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал инчунин барои давлатҳои Осиёи Марказӣ платформаи беназирро дар самти муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва муҳити зист ва ба ин васила муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак барои шукуфоии минбаъда ва ноил шудан ба рушди устувор дар минтақа пешниҳод менамоянд.
Дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар байни давлатҳои минтақа якчанд эъломияҳо ба имзо расидаанд, ки ба манфиати тарафҳо буда, ба ҳалли мушкилоти обӣ дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти ҳавзаи баҳри Арал мусоидат менамоянд. Дар тӯли фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал 11 ҷаласаи Сарони давлатҳои муассиси фонд гузаронида шуда, дар ҷараёни онҳо байни кишварҳои минтақа якчанд эъломияҳо ба имзо расиданд, ки ба манфиати тарафҳо буда, ба ҳалли мушкилоти обӣ дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти баҳри Арал мусоидат менамоянд.
Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти баҳри Арал
Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҷойгоҳи хосса дорад, зеро Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа ва ташаббусҳои глобалӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ фаъол мебошад.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим пайваста аз минбарҳои баланди ташкилоти байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ва дигар буҳронҳои экологӣ, ки дар раванди тағйирёбии иқлим ва таъсири муносибати нодурусти инсон ба муҳити атроф ва манбаъҳои обӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ҷумла рафъи буҳрони баҳри Арал даъват менамоянд.