Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷараёни сафари кории имрӯза ба шаҳри энергетикҳои тоҷик, яъне шаҳри Норак як агрегати таҷдидгардидаи неругоҳи барқи обии «Норак» ба ифтихори 50-солагии оғози фаъолияти ин неругоҳи азим ба истифода супорида шуд.
Яъне имрӯз оғози умри дубораи неругоҳ мебошад.
Ба муносибати ҳарду санаи муҳим ҳамаи сокинони шаҳри Норак, тамоми энергетикҳои мамлакат ва шумо – ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям.
Неругоҳи барқи обии «Норак», ки иқтидори лоиҳавии он 3000 мегаваттро ташкил медиҳад, то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.
Мехоҳам боз як нуктаи муҳимми дигарро хотиррасон намоям, ки сарбанди аз сангу шағал бунёдгардидаи неругоҳ низ бо баландии 300 метр то имрӯз дар дунё ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Корҳои сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз ёфта, агрегати якуми он бо тавоноии 300 мегаватт 15 ноябри соли 1972 ва бо иқтидори пурра – 2700 мегаватт соли 1979 ба кор андохта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳи «Норак» ҳар сол ба ҳисоби миёна 11,2 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли барқи солона дар кишвар буда, дар таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақши назаррас дорад.
Дар неругоҳ аз оғози фаъолияти он то имрӯз зиёда аз 486 миллиард киловатт – соат барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 336 миллиард киловатт – соат ё 70 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Имрӯз дар неругоҳ 737 нафар корманд, аз ҷумла 165 нафар бонувону занон фаъолият доранд ва ҳайати муҳандисиву техникии он 204 нафарро ташкил медиҳад.
Солҳои охир бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ иқтидори неругоҳ коҳиш ёфта, ҳоло бо тавоноии 2600 мегаватт фаъолият менамояд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳаммияти неругоҳ дар рушди иқтисодии кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум таҷдиду барқарорсозии неругоҳи барқи обии «Норак»-ро оғоз карда буд.
Тайи солҳои 2006 – 2016 чархҳои кории агрегатҳои 3, 8 ва 9 иваз карда шуданд.
Илова бар ин, 13-уми августи соли 2013 дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 – киловолта бо дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 220 – киловолта ва 27-уми апрели соли 2016 дастгоҳи тақсимоти кушодаи 500 – киловолта бо дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 500 – киловолта иваз карда шуданд.
Барои анҷом додани корҳои зикршуда ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани неругоҳ тайи солҳои 2006 – 2016-ум 627 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Минбаъд бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва ҷалби мушовирони байналмилалӣ асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии сарбанди он» омода гардид.
Тибқи санади зикршуда маблағи умумии таҷдиду азнавсозии неругоҳ беш аз 7 миллиард сомонӣ арзёбӣ гардида, муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро дар бар мегирад ва бо дарназардошти дастрасӣ ба сармоя дар ду марҳала амалӣ карда мешавад.
Барои амалисозии марҳалаи якуми лоиҳа то имрӯз қариб 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ ва барои марҳалаи дуюми он 1 миллиарду 120 миллион сомонӣ ҷалб гардидааст.
Дар доираи марҳалаи якуми лоиҳа иваз кардани се агрегат, 6 трансформатор, таҷдиди дастгоҳи тақсимоти кушода ва иҷрои корҳо вобаста ба таъмин намудани бехатарии сарбанд, дар доираи марҳалаи дуюм иваз кардани 6 агрегати боқимонда, таъмири бинои неругоҳ ва хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида шуда, бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ бамаротиб беҳтар мегардад ва таъминоти аҳолии кишвар ва соҳаҳои иқтисодӣ бо неруи барқ хеле боло меравад.
Яъне бо анҷом ёфтани корҳои таҷдиду азнавсозии пурраи неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва иқтидорҳои наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1», ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад.
Имрӯз агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 375 мегаватт ва бо арзиши қариб як миллиард сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иқтидори агрегати мазкур қаблан 335 мегаватт буда, баъди азнавсозӣ 40 мегаватт зиёд гардид.
Қобили зикр аст, ки танҳо аз ҳисоби 40 мегаватт боло рафтани тавоноии агрегати зикршуда истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 160 миллион киловатт – соат зиёд мешавад.
Баъди пурра ба охир расидани таҷдиди неругоҳ, бо дарназардошти 375 мегаватт боло рафтани иқтидори он, истеҳсоли солонаи барқ дар неругоҳи «Норак» 1,5 миллиард киловатт – соат зиёд мегардад.
Дигар нуктаи муҳим ин аст, ки ҳамаи таҷҳизоти асосӣ ва технологияҳои барои таҷдиди неругоҳ истифодашаванда аз кишварҳои пешрафта ворид карда шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошанд ва амалӣ гардидани ҳадафи соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро дар самти рушди инноватсионӣ таъмин менамоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла танқисии торафт афзояндаи об ба инсоният зарари калон расонида истодааст, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ иқдоми басо зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се баробар зиёдтар буда, имконият медиҳанд, ки минтақа бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шавад.
Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки ояндаи кишварро бе рушди соҳаи энергетика тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таъмин намудани рушди соҳа тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда, ҳамкориро бо сармоягузорон ва ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вусъат дода истодаем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба шарикони рушд, сармоягузорон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Австрия, Олмон, Чин, Швейтсария ва кишварҳои дигар, пудратчиён ва муҳандисону мутахассисон, мушовирони байналмилалӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди азнавсозии неругоҳи «Норак» саҳм гузошта истодаанд, миннатдории хешро баён карда, ба онҳо барори кор орзу менамоям.
Ҳамчунин, мехоҳам хотиррасон намоям, ки ҳоло Ҳукумати мамлакат, дар баробари бунёди неругоҳи азими барқи обии «Роғун», барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда ва низоми энергетикии кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва «Қайроққум» якчанд лоиҳаҳои бузурги сармоягузории давлатиро амалӣ карда истодааст.
Дар натиҷа таҷдиди неругоҳи «Сарбанд» ба маблағи қариб якуним миллиард сомонӣ ба анҷом расонида шуд ва иқтидори он бо дарназардошти иқтидори барқароршуда 110 мегаватт зиёд гардид.
Ҳоло таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бо ҷалби беш аз ду миллиард сомонӣ идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори он 48 мегаватт зиёд мегардад.
Умуман, барои таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда ва низоми энергетикии мамлакат, бо дарназардошти 5 миллиард сомоние, ки ҷиҳати таҷдиди неругоҳи «Норак» то имрӯз ҷалб шудааст, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дӯстони азиз!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон, аз ҷумла шаҳри зебоманзари Норак ба таври назаррас ободу зебо ва пешрафта гардидаанд.
Тайи 31 соли охир барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар маҷмӯъ, беш аз 4,8 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 530 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Танҳо дар давоми 15 соли охир дар шаҳр 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 1,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 1,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 183 лоиҳа ба маблағи умумии 453 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон равона шудаанд.
Дар шаҳри Норак ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ 206 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду азнавсозӣ гардида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёди боз 180 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯсти шаҳри Норак корҳои ободониву бунёдкориро вусъати бештар бахшида, ин ҷашни бузургро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Дар ин раванд, роҳбарону масъулони шаҳр, намояндаи Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд кардани иншоот, идомаи рушди инфрасохтори шаҳр, инчунин, истифодаи самаранок ва нигоҳдории иншооти бунёдшуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки шаҳри Норак дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ буда, таъмин намудани рушди инфрасохтори муосири сайёҳиву фароғатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад, ки метавонад ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади буҷет ва аҳолӣ мусоидат намояд.
Шаҳри Норак бо дарназардошти дар ҳудуди шаҳр қарор доштани обанбори неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба дарозии 70 километр, «Бойғозӣ» 30 километр ва дарёи пур аз оби мусаффо, табиати зебо ва боду ҳавои мусоид метавонад ба яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар табдил ёбад.
Бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, яъне ба пойтахти мамлакат наздик будани шаҳри Норак ва роҳи муосири мошингард ташкил намудани хатсайр барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ дар мавзеъҳои истироҳативу фароғатии шаҳр ва обанбори неругоҳ, ташкили инфрасохтори муосир ва нуқтаҳои хизматрасонӣ вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти вилояту шаҳр ва масъулини соҳа ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҳудуди шаҳр 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 1 миллиарду 280 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 61 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Роҳбарону масъулини шаҳрро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, фаъолгардонии иқтидорҳои мавҷуда дар асоси технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои ашёи хом тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Чунонки мушоҳида мекунед, вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла гармшавии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксоливу камобӣ, кам шудани истеҳсоли маводи ғизоӣ, норасоии маҳсулоти озуқа ва мунтазам боло рафтани нархҳо таҳдиди хатари гуруснагӣ дар минтақаҳои гуногуни олам ва мушкилоти дигар ҳифзи амнияти озуқавориро ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил додааст.
Дар чунин шароити ҳассос истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, вусъат додани кишти такрорӣ, парвариши сабзавоти барвақтӣ, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва истифодаи васеи гармхонаҳо дар тамоми фаслҳои сол роҳи асосиву муҳимтарини бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархҳо мебошад.
Вобаста ба ин, сокинони кишварро бори дигар огоҳ месозам, ки бо дарназардошти вазъи бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ба сарфаю сариштакорӣ ва риояи қатъиву ҳатмии талаботи қонуни танзими расму ойинҳо ҷиддӣ муносибат намоянд ва фикри аҳли оилаву фарзандони худро кунанд.
Чунонки ҳамватанони мо огоҳанд, имрӯзҳо бо сабабҳои маълум бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд.
Бинобар ин, ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст.
Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.
Ҳозирини муҳтарам!
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Норак дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар ин давра дар шаҳр 25 бинои таълимӣ барои беш аз 9 ҳазор хонанда ба маблағи 95 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Имрӯз дар 31 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр зиёда аз 16 ҳазор хонандагон таълиму тарбия мегиранд.
Илова бар ин, дар шаҳр бунёди боз якчанд муассисаи нави соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик ба фаъолият оғоз мекунанд.
Амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Норак мусоидат карда, дар ояндаи наздик шаҳр боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он хеле беҳтар мегардад.
Вале хотиррасон менамоям, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, пеш аз ҳама, аз фаъолияти содиқонаи роҳбарону масъулон, мутахассисону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як сокини шаҳр вобаста мебошад.
Зарур аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст ва аҳолӣ корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, беҳтар гардонидани шароити инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ боз ҳам вусъат дода, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Хотиррасон менамоям, ки мо метавонем бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст гардонем.
Ҳамчунин, мехоҳам ёдовар шавам, ки сокинони шаҳри Норак бо таҷрибаи бойи худ дар ҷодаи бунёд кардану идора намудани иншооти энергетикӣ шуҳрати зиёд доранд.
Ҳамин аст, ки имрӯз онҳо дар сохтмони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» саҳми бисёр арзишманд гузошта истодаанд.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи шаҳри Норак минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ барои ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамон саъю талош карда, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи хушманзараи Ватани маҳбубамонро нисбат ба имрӯз ободу пешрафта мегардонанд ва шарафу шуҳрати шаҳри энергетикҳои Тоҷикистонро боз ҳам баланд мебардоранд.
Дар интиҳо ба кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди шаҳри Норак ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Доимо муваффақу пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!
Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.president.tj/node/29412