24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Норак” дар саҳни ҳавлии неругоҳ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак мулоқот карданд.
Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ба кор андохтани агрегати якум ва ба ифтихори 50-солагии оғози фаъолияти ин неругоҳи азими кишвар табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар неругоҳ аз оғози фаъолияти он то имрӯз зиёда аз 486 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 336 миллиард киловатт-соат ё 70 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳаммияти неругоҳ дар рушди иқтисодии кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум таҷдиду барқарорсозии неругоҳи барқи обии “Норак”-ро оғоз карда буд.
Баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расонида шуда, бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории неругоҳ 775 мегаватт зиёд шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ бамаротиб беҳтар мегардад ва таъминоти аҳолии кишвар ва соҳаҳои иқтисодӣ бо неруи барқ хеле боло меравад.
Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатӣ дар самти рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии шаҳри Норак андешаронӣ карданд.
Таъкид карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ватани азизамон, аз ҷумла шаҳри зебоманзари Норак ба таври назаррас ободу зебо ва пешрафта гардидааст.
Тайи 31 соли охир барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар маҷмӯъ, беш аз 4,8 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 530 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Танҳо дар давоми 15 соли охир дар шаҳр 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 1,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 1,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021 - 2025 амалисозии 183 лоиҳа ба маблағи умумии 453 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон равона шудаанд.
Дар шаҳри Норак ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ 206 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду азнавсозӣ гардида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёди боз 180 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба иқтидори бузурги сайёҳии шаҳр Сарвари давлат ба роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Норак ва масъулини соҳа барои ташкил намудани хатсайр барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ дар мавзеъҳои истироҳативу фароғатии шаҳр ва обанбори неругоҳ, ташкили инфрасохтори муосир ва нуқтаҳои хизматрасонӣ супоришҳо доданд.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҳудуди шаҳр 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 ба 1 миллиарду 280 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 61 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Роҳбарону масъулини шаҳр вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, фаъолгардонии иқтидорҳои мавҷуда дар асоси технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои ашёи хом тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинонро ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, вусъат додани кишти такрорӣ, парвариши сабзавоти барвақтӣ, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва истифодаи васеи гармхонаҳо дар тамоми фаслҳои сол ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки мардум бояд бо дарназардошти вазъи бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ба сарфаю сариштакорӣ ва риояи қатъиву ҳатмии талаботи қонуни танзими расму ойинҳо ҷиддӣ муносибат намоянд ва фикри аҳли оилаву фарзандони худро кунанд.
Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб ва марказҳои саломатӣ барои давраи тирамоҳу зимистон, тақозои замон шумурда шуд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Норак мусоидат карда, дар ояндаи наздик шаҳр боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он хеле беҳтар мегардад.
Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони шаҳри Норак, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Назира Мираҳмадзода – коргари НБО “Норак” ва Пирумшо Хоҷаев собиқадор баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои талошҳову тадбирҳои созанда ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум, изҳори сипос карданд.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.president.tj/node/29413