Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

    Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

    2023-09-23
    216

    21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба фаъолияти муассири Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати бунёди низоми боэътимоди нақлиётию транзитӣ, содагардонии расмиёти тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ташкили низоми ягонаи энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ дар дохили созмон манфиатдор мебошад.

    Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, содагардонии раванди тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот ва сармоя таъкид намуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ