«Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар номинатсияи «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» барои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи ҷумҳуриамон дар раддабандиҳои байналмилалӣ дастоварди бузург аст». Чунин иброз намуд зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори «Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Наҷмиддин Наҷмиддинов.
Бояд тазаккур дод, ки 19 сентябри соли 2023 дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор гардид, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-и Тоҷикистон дар номинатсияи «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» чӣ афзалият дорад?
Дар посух ба ин савол Наҷмидин Наҷмидинов афзуд, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» кафолати иловагӣ барои ҳифз ва нигоҳдошти тамомияти комплексҳои нодири табиӣ, хусусан экосистемаҳои хоси мамнуъгоҳ, олами ҳайвоноту набототи он, баланд бардоштани нуфузи ин иншооти беназири табиӣ, ҷалби сармоя аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ҷиҳати рушди босуботи мамнуъгоҳ, тақвияти пойгоҳи моддию техникии он, ташкили мониторинг ва назорати ҳолати табиии мамнуъгоҳ мебошад.
Инчунин он ба таъмини фаъолияти назорати давлатии идоракунии устувори мамнуъгоҳ нақши муассир гузошта, корҳоро дар ин самт тақвият медиҳад.
«Бешаи палангон»-яке аз минтақаҳои нодири кураи Замин
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз минтақаҳои нодири сайёраи Замин аст, ки миқдори зиёди бешаҳои туғайзорро дар минтақаи субтропикии хушк — дар шароити иқлими биёбони гарми тафсон ва хушкии идоманок нигоҳ медорад. Майдони туғайзор дар мамнуъгоҳ ба 24,1 ҳазор гектар баробар буда, қисми бештари он дар қисмати чапи дарёи Вахш паҳн шудааст. Туғай аз ҷиҳати шароити экологӣ, таркиби флористӣ ва генезиси худ як намуд растание аст, ки танҳо дар соҳили дарёҳои минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони Осиёи Марказӣ мавҷуд буда, дар ҷангалзори дигар минтақаҳои палеарктикӣ ҳамто надорад.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» охирин майдони туғайзор дар сайёра бо захираи калонтарини беназири растании туғай (Topulus pruinosa Schank), ҷигда (Elaeagnus angustifolial), тамарикс (Tamarix Spp) ва дигар намудҳои туғайзор ва фауна мебошад.
Ҳадафи таъсиси мамнуъгоҳ- ҳифзу нигаҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвонот
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» нахустин мамнуъгоҳи табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти гуногуни минтақаҳои биёбону туғайзори нодири туранга, газ, санҷид, каварак, эриапус ва дигар намудҳои гуногуни хоси ландшафтҳои экосистемаи табиӣ ва намудҳои ҳайвоноти гуногун, аз қабили гавазни бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, (уриал), ҷейрон (ғизол), саги обӣ, тазаври тоҷикӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра таъсис дода шудааст.
Мақсади ташкили мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»- нигоҳ доштани як қисмати ландшафти ҷуғрофӣ дар ҳолати табиӣ барои омӯзиши дарки асрори табиат мебошад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии системаи ҳудудии муҳофизати табиат аз як тараф, нигоҳдошти генофонди набототу ҳайвонот бошад, аз ҷониби дигар, дар шароити мусоиди табиӣ омӯхтани ҷараёнҳои микроэволюсионӣ дар популиятсияҳои намудҳои муҳиму хоси набототу ҳайвонот аст.
Паланги тӯронӣ аз «Бешаи палангон» баромада, ба Афғонистон рафт
«Бешаи палангон» ном гирифтани мамнуъгоҳ ба он далолат менамояд, ки қаблан ин ҷо макони зисти палангон буд. То солҳои 50-уми асри 20 «Бешаи палангон» макони сукунати паланги тӯронӣ буда, соли 1954 паланги тӯронӣ аз ареал баромада, ба Афғонистон рафта, баъдан маҳв гардидааст.
Олимон яке аз омилҳои маҳв гардидани паланги тӯрониро дар таъсири антропогенӣ, яъне таъсири инсон ба табиат арзёбӣ менамоянд.
Зеро то ҷое мусаллам аст, он солҳо азхудкунии даҳҳо ҳазор гектар заминҳои водии Вахш барои кишти пахта оғоз гардид, инчунин дар ин минтақа қисмҳои низомӣ мустақар гардида буданд.
Олами бойи набототу ҳайвоноти «Бешаи палангон»
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 18 намуди ҳайвон ва 15 намуди набототи нодир ҳифз ва нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин 20 намуди моҳӣ, 30 намуди хазандаҳо, 34 намуди ширхӯрон, 2 намуди обхокиҳо, 150 намуди парандаҳо ва намудҳои сершумори нодири бемӯҳрадорон сукунат доранд.
«Бешаи палангон» дар саргаҳи Амударё доман густурдааст
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон- дар марзи Афғонистон, дар саргаҳи бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ –Амударё дар масоҳати 49,7 ҳазор гектар доман густурдааст. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» асосан дар қаламрави заминҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.
Дар «Бешаи палангон» 20 кӯл мавҷуд аст
Масоҳати беш аз 400 гектари мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-ро обанбор ва кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар мамнуъгоҳ 20 кӯл мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он дорои номи хоси табиӣ аст. Дар кӯлу обанборҳои мамнуъгоҳ 20 намуди моҳӣ, аз қабили белмоҳӣ, сангмоҳӣ, ғамбузия мавҷуд аст. Ҳамзамон дар кӯлҳои мамнуъгоҳ моҳии намуди релективии «белбинии Амударё» (лопатанос) низ зиндагӣ менамояд.
«Дарёкӯл»- мавзеи сарсабзи мамнуъгоҳ
Дарёкӯл яке аз мавзеъҳои зеботарин ва сарсабзтарини мамнуъгоҳ буда, дар масоҳати 94 гектар доман паҳн намудааст. Чуқурии кӯл аз 1 то 5 метрро ташкил дода, муҳимияти ин кӯл он аст, ки барои 12 кӯли ҳудуди мамнуъгоҳ сарчашма мебошад. Дар фасли сармо ба ин мавзеъ парандаҳои мавсимӣ, намудҳои гуногуни мурғобиҳо ва парандаҳои моҳихӯр парида меоянд ва зимистонро дар ин ҷо мегузаронанд. «Дарёкӯл» ном гирифтани кӯл аз он аст, ки шакли он ба мисли дарё тӯлонӣ аст. Оби «Дарёкӯл» каме шӯр буда, дар он қариб 20 намуди моҳӣ мавҷуд аст.
Оҳуи бухороӣ- ҳайвони нодири «Бешаи палангон»
Яке аз ҳайвонҳои нодири дар мамнуъгоҳ маҳфуз, ки ба Китоби Сурхи Байналмилалӣ ва Тоҷикистон дохил шудааст, оҳуи бухороӣ мебошад. Ин ҳайвони нодиру зебо ҳар сол шохашро мепартояд ва боз аз нав мебарорад. Соли онро аз шохаш ҳисоб менамоянд, яъне агар панҷ рах дошта бошад, маълум мешавад, ки оҳу панҷсола аст. Инчунин дар мамнуъгоҳ ғизол, гиенаи рахдор, гурбаи ҷангалӣ ва муши обии форсӣ мавҷуд ҳастанд.
Обанбору кӯлҳо- макони сукунати парандаҳо
Аз парандаҳои мамнуъгоҳ як зергурӯҳи беназири тазарв, тазарви сиёҳу тиллоранги тоҷикӣ ҳифз мешавад. Дар фасли зимистон дар обанбору кӯлҳои мамнуъгоҳ бисёр парандаҳои обӣ ва наздик ба об, назири лаклаки сафед ва сиёҳ, баклан, қоз, қӯ, мурғобиҳои маллард ва лисухаҳо меистанд. Қисме аз мурғобии маллард ва лисухаҳо дар ин ҷо барои лонасозӣ мемонанд.
Олами набототи мамнуъгоҳ дорои 400 намуди растанӣ аст
Олами набототи мамнуъгоҳро беш аз 400 намуди растаниҳо муаррифӣ менамоянд, ки дар байни онҳо бисёр намудҳои доруворӣ, хӯроки чорво, ороишӣ, техникӣ ва растаниҳои асалӣ мавҷуд ҳастанд, ки барои хоҷагии халқ муҳим мебошанд.
Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» як гӯшаи табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои асрори хоси табии бисёрасраи эволюсионӣ буда, алоқаи тарафайни олами набототу ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд. «Бешаи палангон» то ҳол ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар қаламрави он бисёр намудҳои нодири набототу ҳайвонот ҳифз мешаванд. Аз ин ҷост, ки мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар ҳифзи гуногунии биологӣ нақши муассир дорад.