Бо кӯшиши Тоҷикистон ва дастгирии Чин лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Калаихумб-Ванҷ-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон» бо дарозии 92 км амалӣ мешавад, ки ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон — Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» мусоидат менамояд. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия», ки дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) доир гардид, иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва сода намудани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди ин долон рақамисозии ҳуҷҷатҳо ё расмиёти транзитӣ мебошад. Тоҷикистон барои рушди нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамбастагии байни давлатҳои минтақа ҳамчун таҳрикдиҳандаи пешбурди тиҷорати устувор ва рушди иқтисодӣ, тақвияти имконияти занҷири таъминот барои давлатҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни давлатҳои минтақа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
Гуфта шуд, ки намояндагони кишварҳои иштирокчии ин тарҳ ба истифодаи самараноки долони гуфташуда, таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, афзоиши ҳамлу нақли бор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо барои ҳамлу нақли мултимодалӣ байни давлатҳо, ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ ба мувофиқа хоҳанд расид.
Иштирокчиёни нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон –Узбекистон – Туркманистон — Эрон -Туркия + Чин аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо Санади ҳусни ният имзо намуданд. Масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон аввалин бор 18 октябри соли 2022 дар Душанбе, дар Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа» муаррифӣ гардида буд. Истифодаи долон аз ҷиҳати кам намудани масофа ва коҳиши хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст. Долони мазкур қаламрави Тоҷикистонро бо Чин тавассути роҳи автомобилгард пайваст менамояд, ки ин ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин тарҳ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хеле муҳим арзёбӣ мегардад.