Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун баргузор мегардад

    «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун баргузор мегардад

    2023-10-01
    231

    Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил-озмуни  «Забони миллат – ҳастии миллат» байни донишҷӯёни коллеҷу литсей ва хонандагони синфи 11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор баргузор  мегардад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

    Маҳфил-озмуни  «Забони миллат – ҳастии миллат» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ташкил карда шуда, Лоиҳаи ангораи Маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат»  дар маҷлиси нахустини Кумитаи тадорукот тасдиқ карда шуд.

    Маҳфил-озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ аз 30 сентябр то 3 октябр гузаронида шуда, ташкилкунандаи маҳфил-озмун, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои лозимаро барои иштирок дар маҳфил-озмун ба роҳ мемонанд ва аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамоянд. Даври дуюми маҳфил-озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум 4 октябр баргузор мегардад.

    Тибқи Низомнома,  маҳфил-озмун аз се шарти зерин иборат аст:  қироати ифоданоки ғазал, ҳар як иштирокчии маҳфил-озмун доир ба моҳияти таърихии китоби «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ибрози андеша  намуда, маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи нақли осор ва маълумоти мухтасар дар бораи таърихи забони тоҷикӣ муайян карда мешавад. Сипас аз ҷониби ҳакамон ба довталабон  аз китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» саволҳо пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин  ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши довталабон  саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд.

    Ғолибони маҳфил-озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор қадршиносӣ карда мешаванд.

    Маҳфил-озмуни «Забони миллат – ҳастии миллат» бо мақсади таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандустию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ҳамчун забони  қадимаи олам ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ