2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат - 2022-2026” бунёд карда шуда, дар он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордор кислотаи сулфати 98,5 фоиза, хокаи бентонит ва сулфати аммоний истифода мегардад ва оянда дар нақша ҳаст аст, ки калий ҳамроҳ карда шуда, маҳсулоти азот, фосфор ва калий (NPK) истеҳсол гардад.
Бо дарназардошти истеҳсоли маҳсулоти дорои маводи кимиёвӣ фаъолияти корхона дар се баст ба роҳ монда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки нурии минералии истеҳсолнамудаи корхонаи нави саноатӣ дорои сифати баланд буда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ашёи хом - хокаи фосфордор аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, кислотаи сулфат бошад, дар худи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” истеҳсол мегардад. Дар оянда ашёи хом аз кони маҳалии Ривати шаҳри Панҷакент ба корхона дастрас мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.
Дар корхонаи саноатӣ нурии минералӣ бо истифода аз технологияи муосир, ки истеҳсоли Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ба роҳ монда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ пурра аз ҷониби мутахассисони тоҷик васлу насб гардида, идора карда мешавад.
Бояд гуфт, ки раванди истеҳсоли нурии минералӣ аз панҷ марҳила, аз ҷумла равона намудани кислотаи сулфат ва омехта кардани он ба хокаи фосфордор, ғурӯша кардан ва илова намудани нурӣ бо макро ва микро элементҳо, хушконидани маҳсулоти истеҳсолшуда, ҷудо кардан ба гурӯҳҳо ва хунук намудан ва бастабандии маҳсулоти тайёр иборат мебошад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ ивазкунандаи воридот буда, ба сифат ва қувватнокии он кафолат дода мешавад.
Ба таъкиди мутахассисон ҳоло нурии минералӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид мешавад ва нархи гарон дорад. Маҳз баланд будани арзиши ин навъи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ, то ҷое боиси коҳиш ёфтани талабот ба он гардидааст.
Бо мақсади таъмин намудани талаботи сокинон, хусусан хоҷагидорон ва боғу токпарварони мамлакат бо нурии менералии истеҳсолоти ватанӣ, роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон иқдом гирифтанд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ корхонаи истеҳсоли нурии минералиро бунёд намоянд.
Акнун дар корхонаи нави саноатӣ нурии минералӣ бо сифати баланд истеҳсол ва бо нархи 2 ҳазор сомонӣ барои як тонна, ки назар ба нархи бозор 2,5 маротиба арзон аст, ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Бо истеҳсоли нурии минералии маҳаллӣ воридоти ин навъи маҳсулот ба кишвар ба маротиб кам хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” барои таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани мутахассисон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҷамъияти мазкур нақша дорад, ки дар ояндаи наздик ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордорро бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол сохта ба истифода диҳад ва дар он беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин мегардад.
Бо таъсиси марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолӣ дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ бо нурии минералӣ содироти ин навъи маҳсулоти истеҳсолоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” соли 2016 дар масоҳати 17 гектар бунёд гардида, бо ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз ҷумла кислотаи сулфат дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Имрӯзҳо дар ин корхонаи пуриқтидори саноатӣ беш аз 200 нафар фаъолият дошта, мутахассисони тоҷик бо истифода аз хатҳои муосири истеҳсолӣ бидуни иштироки мутахассисони хориҷӣ кислотаи сулфати навъи аъло истеҳсол менамоянд ва ин маҳсулоти кимиёӣ барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ пурра аз ҳисоби худи ҷамъият таъмин карда мешавад.
Барои фаъолияти босамари корхонаи нави саноатӣ кислотаи сулфат ва дигар маводи кимиёӣ ба миқдори зарурӣ захира карда шудааст.
Сифати тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” дар озмоишгоҳи замонавӣ санҷида мешавад.
Мутахассисони касбӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд. Аз рӯи таҳлили коршиносон истифодаи нурии минералӣ барои нарм кардани замин, бой гардонидани таркиби хок бо элементҳои фоидаовар ва ба ин восита баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти таҷҳизоту технологияҳои муосири васлшуда ва ҷараёни истеҳсолот шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулони соҳа маслиҳат доданд, ки барои тақвият додани иқтидори корхонаи навбунёди саноатӣ ва истеҳсоли бештари нурии минералӣ аз захираҳои мавҷудаи табиӣ босамару оқилона истифода намоянд.
Барои тозаю хуррам нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободу зебо гардидани ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал” ҳазорҳо бех гулу буттаҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкани ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.president.tj/node/29514