Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин арҷу эҳтиромро маҳз ба забони давлатӣ мегузоштанд. Ва дар истифодаи боэҳтироми забони адабии модарӣ, тоза нигоҳ доштани он на танҳо ҳамагонро роҳнамоӣ менамуданду аз дигарон талаб доштанд, балки худ намунаи ибрати талаффузи дурусти забон буданд ва бо луғатомӯзиву суханрониҳои ноб саҳме ба рушду такомули забон мегузоранд. Ин аст, ки яке аз иқдомҳои бузурги Президенти мамлакат дар он замон додани бартарият ва мақоми аввал ба забони модарӣ ва бахшидани мақоми давлатӣ ба он буд. Мо борҳо аз забони Пешвои миллатамон шунидаем, ки шоҳсутуни ҳастии миллат забони модарист!
Бо изҳори ин матлаб Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло меафзояд, ки “аз қадимулайём вожаҳои Ватан, Модар ва ибораи забони модарӣ муқаддастарин мафҳумҳо барои мардуми тоҷик будаанду ҳастанд”.
-Мо имрӯз дар давроне зиндагӣ дорем, ки эҳёи дубораи Ватани муқаддас ва забони модариамонро бо чашми худ мебинем. Воқеан мо хушбахттарин насле ҳастем, ки дидани ин бахт — ба вуқуъ пайвастани ормони ҳазоронсолаи миллатамон насиби мо шудааст. Ормоне, ки қарнҳои қарн халқи ҷабрдидаи мо, бузургони илму адаби мо дар орзуяш буданд.
Мусаллам аст, ки миллати куҳанбунёди моро ҳамин фарҳанги бузург, хусусан забони қавии оламшумулаш зинда доштааст. Забони тоҷикӣ ҷавшане будааст, ки дар тӯли таърихи гарону хунин миллати моро аз тамоми зарбаҳои замонаҳо, сангборонҳои пурдаҳшати таърих эмин доштааст; сипаре будааст, ки пеши роҳи ҳама тирборони душманро гирифта, моро аз дами теғу шамшери душманон то ба имрӯз расонидааст. Маҳз ҳамин забони гаронбаҳои модарӣ барои ҳимояи ҳувияти миллии халқи мо хизмат намуда, суннатҳои волои башардӯстонаи мардуми моро, ки дар онҳо руҳи баланди миллат, маърифату одоби ибратомӯзи он таҷассум ёфтаанд, то имрӯз маҳфуз доштаву дифоъ намудааст. Мисли Наврӯзи Аҷам, ки таҷассуми волотарин намунаҳои фарҳанги бостонии миллии мо аст. Мисли Садаву Меҳргону Тиргоне, ки далели қадимият ва фарҳанги оламшумулу беназири халқи тоҷик мебошанд.
Ҳама тоҷу тахту қасрҳои сарбафалак бар хок яксон шуданд, аммо ин кохи бузургу бегазанди фарҳанги тоҷикӣ пойдор монд ва газанде аз тирборон ва теғу шамшери душман наёфт.
Вақте ки мо ба забони тоҷикӣ арҷи баланд мегузорем, мегӯем, ки маҳз ҳамин забон, ҳамин фарҳанг моро зинда нигоҳ доштаасту наҷот додааст. Аммо бояд ин ҷиҳатро низ таъкид намуд, ки маҳз халқи тоҷик, халқи шариф, соҳибхирад ва фозилу шоиртабиат буд, ки ин забон ва ин фарҳангро зинда нигоҳ дошт. Бинобар ин, вақте ки мо саҷда ба пешгоҳи забони шарифи модарии тоҷикиамон менамоем, ин саҷда, пеш аз ҳама, ба пешгоҳи халқи тоҷик, миллати тоҷик аст. Ва мову шумо чандин борҳо шоҳид будаем, ки Сарвари мамлакат ба пеши халқи худ сари таъзим меоранд ва ҳама барору пирӯзиву комёбиҳои худ ва давлатро маҳз аз файзу баракати ин халқи заҳматдӯст ва хайрхоҳу некманиш медонанд.
Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқу олимона мушоҳида намуда, гуфтаанд:
“Агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд менамоянд”.
Аммо забони тавонои тоҷикӣ, фарҳанги безаволи онро аҷнабиёни истилогар на ин ки натавонистанд аз байн бубаранд, балки худ мутеъи он гардиданд. Дар давлатдории қабилаҳои аҷнабӣ дар сарзамини мо забони давлатӣ, забони девону дафтар аслан забони тоҷикӣ буд. То ҷойе ин забон аҷнабиёнро сеҳру мафтун сохта буд, ки аксари султону амир ва шоҳони аҷнабӣ бо ин забон эҷод менамуданд, шеърҳо мегуфтанд ва бо ин мехостанд “фазилат”-и худро намоиш бидиҳанд.
Бесабаб нест, ки аз аввалин иқдоми давлат ва ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабули қонуне буд, ки ин забони таърихиро давлатӣ намуд ва ба ҳимояи худ гирифт. Ҳадафи Пешвои миллати мо бо ташаббуси бунёди ҷашнвораву бузургдоштҳои забони тоҷикӣ ва абармардони илму адаби таърихи мо эҳёи навини забони тоҷикӣ, фарҳанги оламшумули тоҷикон, мақоми хуҷаста ва неруи нав бахшидан ба он буд. Имрӯз суханони Пешвои миллат дар ҳифзу ҳимояи забони муқаддаси тоҷикӣ роҳнамои мардуми мо мебошанд.
Пешвои миллат се ҷиҳати муҳим ва ногузирро дар ҳимоя ва эҳёи дубораи забон хеле дақиқ муайян намудаву роҳнамоӣ намудаанд.
Аввалан, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, ҳифзи он ва нақши мондагораш дар пойдории фарҳанги миллӣ ва давлатдорӣ:
“Вобаста ба аҳамият ва зарурати татбиқи қонуни мазкур мехоҳам боз ба ду масъалаи ниҳоят муҳим-арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд, изҳори назар намоям”.
Дуюм, нақши ҳар фарди ҷомеа дар ҳимоя ва пуштибонӣ аз забони модарӣ:
“Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз намудани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар соҳибватан мебошад.”
Сеюм, риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар ҷомеа:
“Махсусан дар маъракаву чорабиниҳо, маҳфилу суҳбатҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабӣ сухан гуфтан ва риояи бечунучарои талаботи меъёри забони тоҷикӣ қарзи виҷдонии мо мебошад”.
Чаҳорум, эмин ва тоза нигоҳ доштани забони модарӣ аз таъсири манфии берунӣ:
“Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин дорем”. Зеро ба андешаи Сарвари давлат, “фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавият ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад”.
Сиёсати давлатӣ нисбат ба таҳкиму густариши забон ба риояи меъёрҳои забони адабӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ аст, ки масъалаи рушди забони модарии мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштааст.
Дар мавриди масъалаи меъёрҳои забони адабӣ ва тоза нигоҳ доштани он Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи забон (23.07.2009. “Ҷумҳурият”) чунин таъкид дошта буданд:
“Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолаби сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод намудан зарур аст. Дар робита ба ин таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонунҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин намудан мумкин аст”.
Мо мебинем, ки муносибати Пешвои миллат нисбат ба забони муқаддаси миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо муносибатест ҳамрадифи муносибат бо Модар, бо Ватан, бо муқаддасоти миллӣ. Зеро мо ҳама зодаи ҳамин забони нобу покизаем, ки чун шири модар дар шараёнамон ҷорӣ аст. Пешвои миллат забонро мисли модар мешиносанду дӯст медоранд ва мисли фарзанд ба он садоқат доранд.
Воқеан хеле рамзӣ аст, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ бо зодрӯзи Пешвои миллатамон тавъам дар як рӯз омадаанд. Агар забони модарӣ миллати моро дар тӯли таърих зинда нигоҳ дошта бошад, Пешвои муаззами мо низ ин миллати хуҷастаро бо сиёсати ватандӯстонаи худ, бо ҷоннисориҳои фарзандона, бо ҷасорату бебокӣ дар рӯзҳои вазнинтарин ва тақдирсоз, бо хиради азалӣ аз вартаҳои нестӣ наҷот додаанд. Ин аст, ки ин ду наҷотгари миллати мо имрӯз бо ҳам омада ва ин ваҳдату ягонагӣ моро ба ояндаи нек ва хушбахтонаи миллатамон умедвор мегардонанд.
Аз ин рӯ самимона мегӯем, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ- зодрӯзи шарафу номус, хираду ҷасорат ва сарбаландиву пирӯзии миллати мо муборак бод!