Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ забони миллат асос ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забони модарии мо баъд аз қабули Қонуни забон ва махсусан дар даврони Истиқлол ба таври бесобиқа густариш ёфта, беш аз пеш нақшу мақом ва манзалати хешро ба ҳайси забони давлатии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам менамояд.
Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф менамоянд. Бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ тасмим гирифтем, ки чанд гуфтори мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба мақоми забони давлатӣ, мавқеи забон ва нақши он дар шинохти миллат пешниҳоди хонандагон намоем.
Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
***
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.
***
Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон намудаем.
***
Забони тоҷикӣ давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.
***
Дар хотир бояд дошт, ки танҳо забони ягонаи миллӣ барои амалӣ гардидани муошират дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷомеа шароит ва имконияти мусоид фароҳам меоварад.
***
Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад. Чунки ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу одат, расму ойин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад.
***
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
***
Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад.
***
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
***
Забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари мамлакат таъмин сохт. Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.
***
Мо бояд ба қадри ин бахти бузург расем, забонамонро, ки аз модарамон ёд гирифтаем, мисли модари худ дӯст дорем, онро эҳтиёт намоем, барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани он ҳамеша ва дар ҳар ҷойе, ки бошем, талош намоем.
***
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад.
***
Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст.
***
Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо намуда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини мамлакатро бар дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад.