Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 5-уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок дорад

    Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти 5-уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок дорад

    2023-10-05
    150

    4-5 октябр дар шаҳри Ардабили Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 7-уми гурӯҳи коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва нишасти 5-уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба интихоби Раиси котиботи СҲИ, интихоби пойтахти сайёҳии СҲИ, қабули эъломияи Ардабил ва тарҳрезии нақшаи минбаъдаи баргузории нишасти 6- уми вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои СҲИ баррасӣ шуд.

    Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, иштироки ҳайати ҷумҳурӣ дар ин ҷаласа ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории муштарак бо давлатҳои аъзои СҲИ мусоидат намуда, барои ба роҳ мондан ва тавсеа додани ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавӣ заминаи муносиб фароҳам меорад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ