Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад мулоқот намуданд

    Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад мулоқот намуданд

    2023-10-06
    157

    Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Зимни мулоқот изҳор гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ислом ба ҳисоб меравад.

    Аз нақши Фонди саудии рушд дар раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ шуд.

    Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун» баланд арзёбӣ менамояд.

    Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандӣ баён намуданд.

    Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ