Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаноби Мануэл Микаллерро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш ва оғози рисолати дипломатии ӯ дар мамлакат табрик намуданд.
Ҷонибҳо аз раванди густариши равобити дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори аввалинҳо истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст.
Давоми сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо муколамаҳои мунтазами роҳбарони ду давлат ва машваратҳои сиёсӣ дар қолабҳои гуногун барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба мусоидат намудаанд.
Дар ин раванд ҳамкории байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ изҳор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои мавриди манфиати тарафайн баррасӣ шуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, энергетика, равобити фарҳангию гуманитарӣ, бахусус сайёҳӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.