Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони 19 муассисаи таълимӣ оғоз мегардад

    Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони 19 муассисаи таълимӣ оғоз мегардад

    2023-10-08
    164

    Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори генералии Фонди Саудии Рушд – ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад ба имзо расониданд.

    Ҳадафи асосии лоиҳа ин сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна, беҳтар намудани муҳити таълим ва мусоидат намудан ба таҳкими низом барои татбиқи устувори системаи таҳсилоти фарогир ва ба салоҳият асосёфта ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳои омӯзиш дар Тоҷикистон мебошад.


    Арзиши умумии лоиҳа 20 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

    Бо арзиши маблағӣ лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, сохтмони 19 мактаби наву замонавӣ ба нақша гирифта шуда, баъди пурра сохта мавриди истифода қарор додани онҳо 30 000 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин хоҳанд шуд.

    Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2028 дар назар аст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ