Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Вазорати корҳои хориҷӣ: «Бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдардем»

    Вазорати корҳои хориҷӣ: «Бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдардем»

    2023-10-09
    203

    Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андуҳгин буда, ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Чунин омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Дар изҳорот инчунин гуфта шудааст, ки дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.

    Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил таманно менамояд.

    Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 октябр дар Афғонистон заминларза ба амал омад. Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар музофоти Ҳироти Афғонистон ба 2053 нафар расид.

    Тибқии иттилои расида, ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби музофоти Ҳирот рух дод.

    Дар натиҷаи офати табиӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, 2053 нафар ба ҳалокат расид.

    Бар асари заминларза ҳамчунин нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ