Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такмил ёфта, хусусияти тоза касб намудааст. Дар Рӯзи фалак хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба таърихи пайдоиши фалак бо устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки дар ин даргоҳ ин жанри мусиқиро таълим медиҳанд, ҳамсуҳбат гардид.
Таърихи пайдоиши фалак
Тавре Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, таърихи пайдоиши фалак дар илми мусиқӣ ҳанӯз пурра собит нашудааст, вале сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи он мебошанд, ки он таърихи қадимӣ дорад.
«Донишманди тоҷик (охири асри X ва аввали асри XI) Фахруддини Марвӣ дар рисолаи хеш «Сабки фаҳлавиёти Хуросонӣ» чунин менигорад: «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештар вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳ аз шунидани бархе аз гунаи он сурудаҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон оварданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кӯҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нидои хокиён», «Фарёди ҷон» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимонд». Ҳоло ин нахустин сарчашмае аст, ки дар бораи фалаксароии тоҷикон маълумот медиҳад», -гуфт мавсуф.
Ба андешаи Муҳриддин Низомӣ, фалак — мусиқии суннатии шифоҳии халқ, санъати сарояндагии мардуми тоҷик мебошад, ки давоми асрҳо тавассути овози сарояндагии дорои имконоти баланди мардону занон ҳамчун ифодаи розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ ба «осмон» ё «фалак» арз мешавад. Аз ин нуктаи назар фалак ҳунаре мебошад, ки бо баландӣ — «осмон» ва «фалак» сару кор гирифта, дар навбати худ аз сароянда низ санъати баланди ҳунармандӣ талаб менамояд.
Чун қоида суруди фалак асосан тавассути рубоӣ ва ё дубайтие суруда мешуд, ки маънои фалсафӣ дошта, розу ниёз, хостаҳо ва ҳаёти мардумро инъикос менамуд, вале баъдтар он дар натиҷаи таҳаввулоти таърихӣ ташаккул ёфта, ғазалиётро низ дар бар гирифт.
Фалак жанри созию овозӣ буда, ба навъҳо ҷудо мешавад
Муовини ректор оид ба корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Баҳрулло Хайруллозода изҳор дошт, ки фалак аслан аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне асосан рубоӣ иҷро мешавад.
«Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки сарояндагӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ. Жанри фалак таърихи бисёрасра дошта, дар Тоҷикистон таърихан дар ду макон — Кӯлоб ва Бадахшон бештар ташаккул ёфтааст.
Дар Бадахшон фалаксароӣ ҳамчун маддоҳхонӣ низ маълум аст. Аз рӯи анъана фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғиҷҷак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро менамоянд.
«Шуруъ аз солҳои 70-80-уми асри гузашта фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ инчунин ғазалҳои баландмазмуни шоирони классик ва муосирро низ истифода мебаранд», -гуфт дар идома Баҳрулло Хайруллозода.
Ба андешаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, то солҳои 70-уми асри гузашта дар саҳна фалаксароӣ мамнуъ гардида буд. Он замон фалакро равияи пессимистию сӯфигӣ мешумурданд ва аз мадди назари фарҳангиён дур монда буд. Ин фикру ақидаҳо маҳз бо ташаббуси Одина Ҳошим барканор шуданд.
Бо саҳми фалаксароёни тоҷик солҳои охир ин жанр ривоҷ ёфт
«Бо саҳми сарояндаи хушовозу асили тоҷик Одина Ҳошим солҳои 70-уми асри гузашта дар шаҳри Кӯлоб баргузории ҷашнҳои фалак оғоз гардид. Дар ин шаҳр озмуни «Фалаксарои беҳтарин» гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, Одина Ҳошим фалаксароёнро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар Кӯлобшаҳри бостонӣ ҷамъ оварда, ба ҷашнҳои фалаксароӣ нафаси тоза бахшид. Худи сарояндаи машҳури мардумӣ охири солҳои 60-уми асри ХХ дар асоси ғазалҳои пурмазмуни Ҳофиз, Саъдӣ, Камол, Хусрав ва дигар адибони классикии форсу тоҷик дар бойгонии радио чанд намунаи «Фалаки роғӣ»-ро сабт намуда, ин намуди санъати сарояндагии ҳирфаии тоҷикро, ки қариб ба нестӣ расида буд, аз нав эҳё намуд», -афзуд Муҳриддин Низомӣ.
Бояд тазаккур дод, ки дар асри ХХ ва аввали асри ХХI сарояндагони хушовози ин жанри мусиқии суннатӣ — Бобохалил Одинаев, Ҳошим Қосимов, Махсуми Шакур, Раҷабмад Холов, Одина Ҳошим ва баъдтар Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Муҳаммадсафар Муродов, Ҷумъахон Сафаров, Раҳматулло Ҳошимов, Носир Сафаров, Диловар Суфиев ва дигарон низ ин падидаи нотакрори санъати мусиқии тоҷикро инкишофу тақвияти бештар бахшиданд.
Имрӯз ин риштаи санъати мардумиро мактаби нави фалаксароён -сарояндагони мумтози тоҷик идома дода истодаанд ва умед аст, ки фалаки тоҷик дар оянда низ тавассути ҳунари волои чунин сарояндагон рушду инкишофи бештар меёбад.
«Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид шудааст
Бо ибтикор ва ташаббуси дурандешона, хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид.