Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон вазифадор намуданд

    Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро барои самарабахш гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон вазифадор намуданд

    2023-10-11
    246

    Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 октябр зимни баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар мавсими сармо  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

    Ҳамзамон Раиси шаҳр дастур доданд, ки дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармиро таъмин намоянд.

    Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати омода намудани низоми энергетикии пойтахт барои хунукиҳои аз меъёр зиёд, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳоро ҷоннок намоянд.

    Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулонро муваззаф намуданд, ки баҳри фаровонии бозорҳои пойтахт ва бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонидани маҳсулот, ҷиҳати захира намудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корбарӣ бо ҳама сохторҳо ва хоҷагиҳои дигар шаҳру ноҳияҳоро тақвият бахшанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ