Ҳамасола 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик гузаронида мешавад. Соли 2022 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷонибдорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул дониста шуд. Ҳадафи кинои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат- тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик дар давраи ҷоҳонишавӣ мебошад.
Дар робита ба ин Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» лоиҳаи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2023-2027» бо назардошти вазъи воқеии соҳа, раванди ҷаҳонишавӣ ва амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ва тамоюли инъикоси фарҳангу худшиносии миллӣ таҳия намудааст.
«Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи мамлакат, таъмини соҳаи синамо бо техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинонро ба кино фаро гирифта, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмиллалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба ғайр аз таҷрибаи миллӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи филмофарӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст.
Муддати амали Барнома панҷ сол ва нақшаи амали он ду марҳиларо (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027) дар бар гирифта, дар солҳои минбаъда тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти соҳа ба танзим дароварда, пояҳои рушди кинои миллиро таҳким ёфта, тавсеаи ҳамкорӣ ва ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтани кинои тоҷик амалӣ мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кинои тоҷик ба таври замонавӣ рушд намуда, коргардонҳои ҷавон тавонистанд бо сабти филмҳои кӯтоҳу дароз, ба монанди «Таксӣ», «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Дов», «Охирин сайди сайёд», «Этюд», «Сарбор» ва ғайра соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гарданд. Хусусан коргардонҳои ҷавон Шарофат Арабова, Аниса Собирӣ, Абдулҳай Зокиров, Муҳаммадрабӣ Исмоилов, Умедшо Мирзоширинов, Манзаралӣ Шералӣ, Файзулло Файз, Румӣ Шоазимов, Муҳиддин Музаффар ва дигарон тавонистанд дар чандин фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан баргарданд.
Коргардони ҷавон Файзулло Файз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки кинои тоҷик шуруъ аз солҳои 2008-2009 фаъол шуд, то ин замон филмҳо шояд бо вазъияти иқтисодӣ ё норасоии техникӣ як-як сохта мешуданд. Сипас дар ин солҳо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» техника харид ва баъдан ба сохтани филмҳои достонӣ ва филмҳои мустанаду аниматсионӣ шуруъ намуданд. Дар баробари ин баъзе муассисаҳои хусусӣ низ филмҳои мустанад ва ё филмҳои достонӣ месохтанд. Имрӯзҳо бо омадани як гурӯҳ ҷавонони боҳунару навҷӯ ба майдони кино мавҷи нав ё мактаби синамоӣ эҳсос мешавад ва умед аст, ки кинои тоҷик ояндадор мебошад.
Файзулло Файз ҳамчун коргардони ҷавон фаъолияташро аз соли 2017 оғоз намуда, нахустин филмаш «Таърихи синамо» мебошад. Баъдан филми кӯтоҳи «Таксӣ» ва чандин филмҳои дигарро ба навор гирифтааст, ки танҳо филми «Таксӣ»-аш тақрибан дар 10 ҷашнвора иштирок намудааст. Ин филм аз давлатҳои Осиёи Миёна ҳудуди 7 -8 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст. Филми дигари коргардони ҷавон бо номи «Бачаи обӣ» низ дар чандин синамоҷашнвораҳо иштирок намуда, охирин маротиба ҷоизаи «Беҳтарин филм» — ро дар бахши филмҳои дарозмуддат дар Ҷашнвораи байналмиллалии синамо ва Анҷумани байналмилалии кинематографияҳои миллии «Золотая арка» ба номи Рустам Иброҳимбеков дар шаҳри Москва соҳиб шуд. Ин барои филми «Бачаи обӣ» ҷашнвораи 17-умин буд ва ин филм соҳиби 8 ҷоизаи байналалмилӣ шуд.
Дар айни замон Файзулло Файз ба кори банаворгирии филми муштараки «Дурахши ахтарон -Ҷомӣ ва Навоӣ» машғул мебошад. Ин филми таърихӣ бо ташаббуси Сарони ду давлат-Тоҷикистон ва Узбекистон ба навор гирифта мешавад. Баъд аз ин «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» тасмим гирифтаанд, ки гурӯҳҳои корӣ ташкил дода, аз пайи ин идея шаванд. Аз Тоҷикистон ба ҳайси коргардон Файзулло Файз интихоб шуд. «Воқеан, кори бисёр вазнинеро ба ман бовар намуда, супоридаанд. Дар ин кор бо ман муасисаи «Тоҷикфилм», олимони Ҷомишиносу Навоишинос ҳамроҳ ҳастанд. Мо ҳоло дар марҳилаи интихоби маконҳо расидаем. Интихоби маконҳои мо сари Тоҷикистон ва Узбекистону Туркия қарор гирифт. Ба наздикӣ нияти сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дорем. Ҳоло ҳамин чаҳор давлат макони наворбардорӣ интихоб шудаанд»,-мегӯяд Файзулло Файз.
Ҳунарманд ва коргардони ҷавон Манзари Шералӣ дар суҳбат бо мо гуфт, ки «имрӯзҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо барои ҷавонон имконияту шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Бахусус дар соҳаи кино майдон хеле фарох аст ва ин имкон медиҳад, ки мо, ҷавонон тавонем дар зудтарин фурсат худамонро муаррифӣ намоем. Барои муваффақ шудан дар дилхоҳ соҳа, пеш аз ҳама, бояд ба худ бовар ва ба кор муҳаббат дошта бошӣ. Яъне инсон набояд бигӯяд ки ман аз уҳдаи иҷрои ин ё он вазифа намебароям, баръакс, баҳри расидан ба мақсади дар пеш гузоштааш бояд талош намояд, то муваффақ шавад. Имрӯз роҳбарияти давлату ҳукумат ва муассисаи «Тоҷикфилм» барои офаридани филмҳои нав моро дастгирӣ менамоянд, ки ин барои пешрафти кор хеле муҳим аст. Бо ҳама боварӣ ва шароите, ки Ҳукумати мамлакат барои пешрафти фарҳанг ва синамои миллӣ барои мо, ҷавонон фароҳам овардааст, мо низ вазифадорем, ки синамои миллии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созем».
Филми кӯтоҳи «Сарбор»-и Манзар Шералӣ дар соҳаи синамо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, он дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Қирғизистон мамлакати филмҳои кӯтоҳ» дар Бишкеки Қирғизистон соҳиби Шоҳҷоиза, дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «JAIYQ Film Fest 2021» дар шаҳри Уралски Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва «Беҳтарин нақши занона», дар Ҷашнвора-озмуни 13-уми байналмилалии «Марворидҳои Роҳи Абрешим» дар шаҳри Тошканди Узбекистон соҳиби Шоҳҷоиза ва «Беҳтарин нақши мардона», дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Хазонрез» («Листопад»)-и шаҳри Мински Беларус соҳиби «Беҳтарин кори коргардонӣ», дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Бастау»-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза, дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Нахустнамоиши Москвагӣ» («Московская премьера»)-и шаҳри Москва соҳиби ҷоизаи «Барои ҷуръат ва тавоноӣ дар мавзуи глобалӣ» ва ғайра гардидааст.