Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Имрӯз иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба тамошои неругоҳи «Норак» мераванд

    Имрӯз иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба тамошои неругоҳи «Норак» мераванд

    2023-10-18
    209

    Имрӯз сафари меҳмонони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» — намояндагони синамои давлатҳои Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба шаҳри Норак дар назар буда, онҳо  бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

    Ҳамзамон  имрӯз дар Кинотеатри «Кайҳон»-и  Маркази савдои «Ашан» дар барномаи озмунӣ,    соати 10:00 то 11:45 филми коргардон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Фард Қодирӣ бо номи «Озурдагон» («Раздраженный», «TheAnnoyed»), соати 13:00  то 15:15 филми коргардон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Музаффар бо номи  «Дов» («Фортуна», «Fortune»), соати 15: 40 то 18:20 филми коргадон Мукеш Кумар Синх аз Ҷумҳурии Ҳиндустон  бо номи «Кулбаи дилкаш» («Sweethomesweet»), филми коргардони тоҷик Манзарали Шералӣ бо номи «Сарбор» («Обуза»), филми коргардон Гаруш Казарян аз Арманистон бо номи «Дили сиёҳи ман» («MyBlackHeart») ва филми коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мусо бо номи «Бебозгашт», инчунин соати 18:40  то 20:30 филми коргардон аз Тотористон Валерий Байкеева бо номи «Километри 823» ( «823-й километр» манзури  тамошобинон гардонида мешаванд.

    Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 19 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад. Дар он  меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ