Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар дар ин даври озмун 528 нафар довталаб иштирок менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок дошта, ба довталабон барои иштирок барору комёбӣ таманно намуданд.
Имсол дар даври якуми озмун дар ҷумҳурӣ 239 ҳазору 657 нафар довталаб ва дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври сеюм 3506 нафар роҳ ёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Соли равон ба Низомномаи озмун якчанд тағйиру навгониҳо ворид гардид ва он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Тибқи Амри Президенти Тоҷикистон, вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, дар маҷмуъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок ва ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамоянд.
Тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун, дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд.
Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта мешавад.
Озмун то 15 ноябри соли 2023 давом ёфта, барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешбинӣ гардидаанд.