Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонбарои рушду нумуи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа шароити мусоид фароҳам овард. Мудати чанд солест, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида, дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагону донишҷўён нақши намоён мегузорад. Дар даври шаҳрии озмун 423 нафар довталабон аз 4 ноҳияи пойтахт - Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номина иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо гузоштанд. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Сурӯш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд ва 94 нафар довталабоне, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро ишғол намуда буданд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ба ғолибони ҷойи якум 20 000 сомонӣ, мақоми дуюм 15 000 сомонӣ ва сеюм 10 000 сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе мукофотпулӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо тақдим карда шуд. Боиси ифтихор аст,ки дар озмуни имсола, кормандони Муассисаи давлатии ТВ «Синамо» низ иштирок намуда, коргардони дараҷаи олии шуъбаи филмҳои миллии ин муассиса АСҲОБИДДИН НИЗОМОВ дар даври шаҳрӣ аз бахши “Адабиёти муосири тоҷик” ба гирифтани дипломи ҷои аввал ва мукофоти пуллӣ шарафёб гардид. Ин ғолибият барои кулли кормандони Кумитаи Телевизион ва радиёи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.
.
Масъули сомонаи Муассисаи давлатии МДТВ “Синамо” Муҳиддин Сулаймонӣ