Дар паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди мамлакат бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид. Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Дар идома Сарвари давлат таъкид доштанд, ки қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
«Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт, — тазаккур доданд Пешвои миллат. — Аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми мамлакатро собит сохт».
Президенти мамлакат изҳор намуданд, ки дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд. Тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат кафолат дода шуд.