Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсия барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани Тоҷикистон замина гузошт»

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсия барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани Тоҷикистон замина гузошт»

    2023-11-06
    173

    Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян намуда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад. Чунин изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия.

    Сарвари давлат тазаккур доданд, ки ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани мамлакат замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо менамоянд.

    «Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

    Таъкид гардид, ки тибқи меъёрҳои Конститутсия, як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки ба танзими соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба мисли терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб равона шудаанд, қабул ва амалӣ мегарданд.

    АКС аз бойгонӣ

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ