7 ноябр — Рӯзи театри тоҷик. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандон, санъаткорон ва ҳамаи мухлисону ҳаводорони санъати театриро ба таҷлили Рӯзи театри тоҷик, ки имрӯз, 7 ноябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор мегардад, даъват менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар театр намоиши порчаҳо аз спектаклҳои давоми солҳои охир таҳияшуда, бахшҳои консертӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандон дар назар аст.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик саҳми бузург дорад, гузошта шуд.
Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айëми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ëфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба дастоварду комëбиҳои эҷодӣ, бурду бохти соҳа ва нақшаҳои оянда ибрози ақида менамоянд.
Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик ҳоло бо барномаҳои ҷолиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ ҳаводорони зиëд пайдо намудаанд.