Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд

    2023-11-11
    194

    11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди  рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад  мулоқот намуданд.

    Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он  барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.

    Ҷиҳати иштироки Фонди рушди Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидоэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

    Ҳамчунин идомаи ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.

    Ҷонибҳо  барои идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ  омодагӣ  ва ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

    Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ минбаъд низ ба таври назаррас густариш меёбад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ