Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    60 нафар падару модарон- ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар» қадрдонӣ шуданд

    60 нафар падару модарон- ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар» қадрдонӣ шуданд

    2023-11-14
    142

    60 нафар падару модарони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар», якчанд нафар  омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Инчунин кормандони Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

    Ҳамзамон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд нафар иштирокчиёни фаъоли озмун, хусусан пиронсолону ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.

    Дар маросими қадрдонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» давоми панҷ сол аст, ки бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари ҷумҳурӣ ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар рушди маърифати ҳамагон  нақши бориз мегузорад.



    АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ