16 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи Шуро таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко доир гардида, дар кори он ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парлумонии Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, аъзои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ масъалаҳоро дар хусуси Раиси Шуро, оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи такмилдиҳии танзими ҳуқуқии фаъолияти контртеррорӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доир ба баланд бардоштани устувории низоми тандурустӣ ҷиҳати ноил шудан ба Фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тандурустӣ, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Иттиҳодро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон